Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд

17-06-2025, 20:47
Хабарро хонданд: 268 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин зимни мулоқот дар шаҳри Остона, ки имрӯз дар доираи ҳамоиши дуюми «Осиёи Марказӣ-Чин» баргузор шуд, оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номидандБояд тазаккур дод, ки тавсеаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Чин яке аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ маҳсуб ёфта, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2024 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар ин замина, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати афзун намудани теъдоди парвозҳо ва кушодани хатсайрҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Чин супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ёдовар мешавем, ки 16 июн байни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Пекини Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин парвозҳои мустақими мусофирбарӣ ифтитоҳ гардиданд. Нахустин парвози мустақим байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Чин тавассути ширкати ҳавопаймоии чинӣ анҷом дода шуд.

Нахустин парвоз дар масири Пекин –Душанбе бо ҳавопаймои Боинг 787 анҷом дода шуд. Дар оянда ҳавопаймои Боинг 737-8 дар ин масир ҳафтае ду маротиба — рӯзҳои сешанбе ва шанбе парвоз менамояд.

Ҳавопаймо аз Фурудгоҳи «Пекин-Дасин» соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз намуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меояд. Ҳавопаймо дар самти бозгашт аз Душанбе соати 22:30 парвоз намуда, ба Пекин рӯзи дигар, соати 07:20 мерасад. Вақти парвоз дар масири Пекин –Душанбе аз як тараф тақрибан 7 соат ва бозгашт 6 соат аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: