Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Ҳун Манет мулоқот намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Ҳун Манет мулоқот намуданд

9-06-2025, 16:04
Хабарро хонданд: 105 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Ҳун Манет мулоқот намуданд9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Камбоҷа баррасӣ гардид.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз 30 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳор доштанд, ки мо ҷонибдори тақвият бахшидани онҳо ҳастем.

Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва бахши фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Роҳандозӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумонӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Дар чаҳорчуби робитаҳо дар созмонҳои байналмилалӣ аз дастгирии ташаббусҳои якдигар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таҳкими ҳамкорӣ дар масоили пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва таъмини устувории муҳити зист аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Дар фароварди суҳбат аз Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа даъват карда шуд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: