Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорад

Вчера, 09:04
Хабарро хонданд: 25 нафар
Назарҳо: 0
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси шарҳи Конвенсияи СММ дар Камбоҷа иштирок дорадҲайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар кори Конфронси 5-уми шарҳи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳо бар зидди пиёдагардон ва нобудсозии онҳо дар шаҳри Сием-Реапи Шоҳигарии Камбоҷа, ки имрӯз оғоз шуд, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири адлия дар бахши ифтитоҳии конфронс изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдори санадҳои ҳуқуқии асосии байналмилалӣ оид ба манъи минаҳо бар зидди пиёдагардон буда, бо саъйу талошҳо ва нақши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои марбут ба манъи минаҳо бар зидди пиёдагардон ва маҷмуи мушкилиҳои вобаста ба онҳо аҳамияти муҳим медиҳад.

«Ҳукумати ҷумҳурӣ барои манъ ва истифодаи минаҳо бар зидди пиёдагардон, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва рушду таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мунтазам тадбирҳои муассир меандешад», — афзуд Музаффар Ашуриён.

Ҳамзамон дар ҳошияи конфронси мазкур Вазири адлияи Тоҷикистон бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа Самдеҷ Моҳа Борвор Типадеи Ҳан Манет ва муовини Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором хонум Армида Салсия Алисдаҳбана мулоқот анҷом дод.

Конфронси шарҳи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳо бар зидди пиёдагардон ва нобудсозии онҳо аз 25 то 29 ноябр идома меёбад
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: