Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» аз Москва оғоз гардид

Экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» аз Москва оғоз гардид

9-06-2025, 16:02
Хабарро хонданд: 108 нафар
Назарҳо: 0
Экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» аз Москва оғоз гардидТавре қаблан иттилоъ додем, моҳҳои июн-июли соли 2025 дар Тоҷикистон экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, экспедитсияи сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025», 6 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оғоз гардид, ки дар он намояндагони Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни кушодашавии экспедитсия, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз дошт, ки «ин экспедитсия имкон фароҳам овард, ки мо на танҳо шоҳиди оғози боз як навоварӣ гардем, балки саҳифаи нави таърихи ҳамкориро дар ин самт боз кунем».

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баён намуд, ки дар ин экспедитсия, пеш аз ҳама, ҷолиби диққати он аст, ки иштирокчиён бо таърих, фарҳанг ва урфу одатҳои гуногуни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия шинос мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Экспедитсия аз Федератсияи Русия оғоз гардид, ки тариқи 25 нақлиёт аз қаламрави Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон гузашта, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад. Ҳадафи он шиносоӣ бо имконот ва зарфияти сайёҳии минтақаҳо мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ буда, мероси бои таърихию фарҳангӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дорад.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти давлат ба ҳисоб рафта, дар шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт имкониятҳо фароҳам меорад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: