Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд

Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳанд

13-02-2025, 13:01
Хабарро хонданд: 164 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ густариш медиҳандДар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» (TITE), ки дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон идома дорад, вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо намояндагони бахши сайёҳӣ ва гардишгарии шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз, мубодилаи таҷриба дар соҳаи сайёҳӣ, боздид намудан аз имкониятҳои сайёҳии ҳамдигар ва ба роҳ мондани хатсайрҳои нави сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Душанбе бо шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои бародаршаҳрӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ин намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имконоти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда мешаванд.
11 феврал дар шаҳри Теҳрон дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуд.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон то 14 феврали соли 2025 идома меёбад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: