Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Пешниҳоди Тоҷикистон ва Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт

Пешниҳоди Тоҷикистон ва Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт

9-06-2025, 15:41
Хабарро хонданд: 97 нафар
Назарҳо: 0
Пешниҳоди Тоҷикистон ва Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтПешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Ин матлаб зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, ки 8 июн дар шаҳри Нитсаи Фаронса баргузор шуд, баён гардид.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард.

Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд.

Сарвари давлат аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд.

Тадбирҳои мушаххаси андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид намуда, Пешвои миллат иброз доштанд, ки ҷумҳурии мо тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад.

«Ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд», — изҳор доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: