Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад

Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад

1-05-2025, 10:11
Хабарро хонданд: 544 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» баргузор мегардад2 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, огоҳӣ ёфтан аз дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир мешавад.

Дар фестивал ҳайатҳои театрии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон ва Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ҳунармандон намоишҳои худро дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов манзури ҳаводорон мегардонанд.

Маросими анҷоми фестивали байналмилалӣ 6 май, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: