Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд

«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шуд

15-06-2024, 08:38
Хабарро хонданд: 448 нафар
Назарҳо: 2
«Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шудДастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар мусобиқаи футболи хурд, ки 11-13 июн дар шаҳри Бохтар баргузор шуд, соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» гардид. Мусобиқа ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар оғози мусобиқаи варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории чунин як бозии варзишӣ пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол миёни аҳолӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад. Илова бар ин амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Барномаи махсуси Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон «Дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумуҳрии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мебошад.

Пас аз баргузории даври сеюми мусобиқа, дастаҳои футболбозони ноҳияҳои Вахшу Кӯшониён ва Ҷалолиддини Балхӣ аз худ маҳорати баланд нишон дода, ғолибият ба даст оварданд. Ҷойи сеюм насиби дастаи футболбозони ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дуюм насиби дастаи футболбозони ноҳияи Вахш, ҷойи якум ва «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» насиби дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гардид.

Ба дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ниҳоии бозӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат дода шуд ва ғолибони мусобиқа бошад бо медалу туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар минтақаи Кӯлоб низ чунин мусобиқа гузаронида мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (2)
Brigitte 7 сентября 2024 03:20
This approach boosts the variety of your link profile and strengthens total link authority.


Here is my homepage - Effective
GSA SER footprints
Цитировать          1
Penelope 17 октября 2024 05:32
Perceive the irresistible allure of daring escapades in the sprawling
expanse of Azeroth? Look no further than the colossal challenges that WoW raids graciously bestow!


my homepage: wow raids carries
Цитировать          2
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: