Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЛОИҲАИ ҲАРАКАТИ OVOP. Он метавонад дар Тоҷикистон ба таъсиси ҷойи кор дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд

ЛОИҲАИ ҲАРАКАТИ OVOP. Он метавонад дар Тоҷикистон ба таъсиси ҷойи кор дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд

24-02-2025, 09:00
Хабарро хонданд: 449 нафар
Назарҳо: 0
ЛОИҲАИ ҲАРАКАТИ OVOP. Он метавонад дар Тоҷикистон ба таъсиси ҷойи кор дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Ашурбой Солеҳзода бо Намояндаи доимии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) Имаи Сейҷу муарифии натиҷаҳои Лоиҳаи ҳаракати «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP) доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ашурбой Солеҳзода вобаста ба ҳамкорӣ бо Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), махсусан оид ба Лоиҳаи ҳаракати «Як деҳа – як маҳсулот» (OVOP) маълумот дода, иброз намуд, ки ҳаракати OVOP дар кишварҳои гуногун ба муваффақият ноил гардидааст. Лоиҳа ҳоло ба Осиёи Марказӣ ворид гашта, дар марҳилаи рушд қарор дорад. Ҳаракати OVOP дар Тоҷикистон метавонад ҳамчун восита барои таъсиси ҷойи кор, рушди соҳибкорию ҳунармандӣ, бахусус дар деҳоти дурдаст мусоидат намояд.

Гуфта шуд, ки ҳаракати OVOP дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва JICA амалӣ гашта, ба таъсиси шабакаи устувор ва самаранок барои рушди истеҳсоли маҳсулоти инноватсионӣ ва табдил додани онҳо ба брендҳои байналмилалӣ равона шудааст. Лоиҳа барои ба бозорҳои миллӣ ва байналмилалӣ баровардани маҳсулоти нав дар вилояти Хатлон фаъолият намуда, маркази OVOP дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси таҳқиқот беш аз 100 номгӯй маҳсулоти нави инноватсионӣ дар маҳалҳои вилоят муайян гардида, ҳоло 12 намуд маҳсулот истеҳсол ва муаррифӣ карда шуд. Моҳи марти соли 2025 ин маҳсулоти истеҳсолшуда дар намоиши байналмилалии EXPO – 2025 дар шаҳри Токиои Ҷопон пешниҳоди харидорон мегардад.

Лоиҳа дар оянда дар тамоми минтақаҳои мамлакат татбиқ шуда, соли 2025 дар шаҳри Душанбе кушодани мағозаи махсуси OVOP дар назара аст.

Дар анҷоми ҷаласа вобаста ба густариши ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд, ки ҳар кадом дар рушди лоиҳа нақши муҳим дорад, даъват ба амал оварда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: