Душанбе, 31 март 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

14-02-2025, 14:05
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОНСанаи 14 феврали соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Абдураҳим Шоҳиён – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Ҷурабек Муродзода – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ, Нуршед Машрапов – номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №58, Меҳрубон Ғиёсов ва Манонзода Шаҳло – номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баргузории вохӯрии мазкур, нахуст раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Ҷурабек Муродзода оид ба интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва дар ин самт оид ба зарурияти баргузории вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон суханронӣ намуда, меҳмонон ва номзадҳои болозикрро ба интихобкунандагон ошно намуд.

Ҳамзамон, шахсони боэътимоди номзадҳои пешбаришуда оид ба ҳадафу мақсад дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо инъикос ёфтааст баромад намуданд.

Пас аз муаррфии барномаҳои пешазинтихоботӣ Шоҳиён Абдураҳим вобаста муҳиммияти маъракаи интихобот ва нақши он дар таклими давлатдории миллӣ, дастоварду пешравиҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Душанбе таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, нақши ВАО дар давраи ҷаҳонишавӣ, ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти шаҳрвандон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.

Дар анҷом аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки санаи 2-юми марти соли ҷорӣ дар интихоботи навбатии Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъолона иштирок намуда, бо додани раъйи худ ба номзадҳои арзанда дар рушду пешрафти кишвари азизамон-Тоҷикистон саҳми сазовори худро гузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: