Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДИДОРБИНИИ МУҲОФИЗОНИ ШУҶОЮ ДАЛЕРИ ВАТАН!

ДИДОРБИНИИ МУҲОФИЗОНИ ШУҶОЮ ДАЛЕРИ ВАТАН!

16-02-2025, 14:03
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода бахшида ба таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои сарҳадии ноҳияи Деваштич тадбири идона- "Рӯзи дарҳои кушод" доир гардид.

Дар ин рӯз ҳамчунин модарон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба аёдати сарбозон бо дастовези идона- нону хӯрокҳои хоси маҳал ташриф оварда, бо вазъи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик ошноӣ пайдо карданд.

Нахуст муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода вобаста ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуд. Зикр карда шуд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир, густариш ёфтани хатарҳо ва таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизму радикализм, ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва бо мақсади тақвияти нерӯи мудофиавии кишвар ва таъмини фаъолияти пурсамари воҳидҳои ҳарбӣ пайваста ба ислоҳоти сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, баланд бардоштани қобилияти мудофиавии қӯшунҳо ва тарбияи кадрҳои баландихтисос диққати махсус медиҳад.

Қайд бояд намуд, ки дар ин рӯз сарбозон ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба машқҳои амалӣ низ маълумот пешниҳод намуданд.

Дар интиҳо дар фазои суруду таронаҳои аҳли санъат ва ҳунари ноҳия ҷавонон – хатмкунандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ, модарон ва сарбозону афсарон шодиву нишоти идона намуданд.

Аз роҳандозии чунин тадбири муҳим сарбозони содиқи Ватан изҳори сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: