Сешанбе, 01 апрел 2025
Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » АРТИШИ МИЛЛӢ — ХОТИРИ ОСУДАИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозон баргузор гардид

АРТИШИ МИЛЛӢ — ХОТИРИ ОСУДАИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозон баргузор гардид

15-02-2025, 17:30
Хабарро хонданд: 322 нафар
Назарҳо: 0
АРТИШИ МИЛЛӢ — ХОТИРИ ОСУДАИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозон баргузор гардид15 феврал бахшида ба таҷлили ҷашни 32-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Маркази таълимии пойтахт» ҳамоиши тантанавии афсарону сарбозон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид ба қудрату неруи Артиши миллӣ, шарафу мардонагӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиш бо мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳи беандоза равона мекунанд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъминоти волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткори пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст.

Дар идома муовини Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Турабе Назарзода иброз дошт, ки Артиши миллӣ дар натиҷаи тадбирҳои дурандешона ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат имрӯз бо мутахассисони дорои донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ба як Артиши тавоно ва неруи мунтаззами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.

Боиси тазаккур аст, ки дар доираи ҳамоиши мазкур байни афсарону сарбозон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмунҳои зеҳнӣ баргузор гардида, ғолибони мусобиқаю озмунҳо, як қатор фаъолону афсарон ва сарбозон дар вазъияти тантанавӣ бо медалҳои ҷашнӣ, диплом ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш дидорбинии волидайн, экскурсияи ҷавонони синни даъватӣ, намоиши дастовардҳои ҳарбӣ ва пешниҳоди дастархони идона роҳандозӣ гардида, чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ ба поён расид.

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: