Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 120 корхона бо 600 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуд

Дар Тоҷикистон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 120 корхона бо 600 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намуд

13-02-2025, 13:04
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ 120 корхона бо 600 ҷойи кор ба фаъолият шуруъ намудСоли 2024 дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии ҷумҳурӣ- ба давлати индустриалӣ табдил додани Тоҷикистон дар соҳаи саноати хӯрокворӣ барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоии саноатӣ 120 корхонаи саноатӣ бо 616 ҷойи кор ба истифода дода шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иттилоъ дод, ки дар ин давра зиёда аз 12 корхонаи навбунёд, ба монанди корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғи «Назар», коргоҳи истеҳсоли консерваи моҳии шаҳри Гулистон, корхонаи истеҳсоли равған дар заминаи корхонаи «Сирдарё», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии «Нонпаз», корхонаи истеҳсоли равғани растании «ТОҶИК ГЛОБАЛ ИНВЕСТ», коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ ва маҳсулоти ҳасибии «Сайҳун», корхонаи бандубасти меваи хушки «Неруи Канд», корхонаи истеҳсоли меваи хушки «Неъматҳои Рӯшон», корхонаи истеҳсоли равғани ангати «Гулчеҳра-80», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии «Панҷ», корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодии «Шоҳасар» ва корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои «АРК саноат» ба истифода дода шуданд.

Ин корхонаҳои нави саноатӣ асосан дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Гулистон, Норак, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Рӯшон, Ишкошим ва Рӯдакӣ бунёд гардидаанд. Онҳо на танҳо ба рушди саноати хӯрокворӣ, балки таъсиси ҷойи нави кор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронида мусоидат менамоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: