Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Вчера, 13:25
Хабарро хонданд: 31 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти сеҷонибаи сарвазирони Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор гардидСарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Одилбек Қосималиев дар минтақаи марзи байнидавлатӣ мулоқот намуданд.

Мулоқот дар доираи тавофуқи қаблан бадастомада оид ба масъалаҳои сарҳади давлатӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Содир Жапаров баргузор гардид.

Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки се давлат барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои калидӣ, аз қабили тиҷорат, логистика, обу энергетика ва фарҳангу иҷтимоиёт имконоти бузург дошта, рушди ҳамкории фаромарзӣ ва байниминтақавӣ ҷузъи муҳими он мебошад.

Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот раҳбарони ҳайатҳо изҳори итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза дар ҳамгироии минтақавӣ нақши муҳим бозида, ба рушду тақвияти ҳамкории давлатӣ ва дӯстию бародарии халқҳо мусоидат менамояд.

Мулоқот дар пайванди сарҳадҳои давлатии се кишвар – дар вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ва вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: