Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи нав дониш меозмоянд

Довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи нав дониш меозмоянд

Вчера, 11:41
Хабарро хонданд: 33 нафар
Назарҳо: 0
Довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи нав дониш меозмояндБарои боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, барои ғолибони озмун 24 ҷой зиёд карда шуд. Яъне шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 ҷой зиёд гардид.

Тавре Директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Асадулло Наҷмиддиниён иброз намуд, соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. 2 январи соли 2025 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмун дар соли равон ба тасвиб расид.

«Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2024 нишон дод, ки таваҷҷуҳи насли наврасу ҷавон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ хеле зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ ва барномасозӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст», -гуфт директори пажуҳишгоҳи рушди маориф.

Бояд таъкид намуд, ки қаблан озмун аз рӯи 7 номинатсия – математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ доир мешуд.

Дар як вақт бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳама ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд.

Соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

«Чунин таҷрибаи давлатдорӣ ва баргузор намудани ин гуна озмунҳо, яъне шароиту ҳавасмандгардонӣ барои аҳли илм дар ягон давлати рӯйи олам дида намешавад. Бартарии озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар он аст, ки барои иштирок дар онҳо ҳар нафар ҷаҳонбинии васеъ, илму дониш ва ғизои маънавӣ мегирад. Яъне иштирок дар озмунҳо ба худи шахс фоида меорад, бар замми ин онҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳавасманд гардонида мешаванд».

Ҳадафи дигари озмун он аст, ки дар он дар баробари ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои президентӣ), инчунин ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун низ иштирок менамоянд.

Бахусус тағйироте, ки имсол ба озмун ворид шудааст, яъне номинатсияи «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ба рушди сатҳи огоҳии ҷомеа дар бахшҳои мухталифи ҳаёт, аз ҷумла фарҳанг, маориф ва тандурустӣ мусоидат мекунад. Инчунин он ба эҷоди муҳити таҳсили рақамӣ ва таҷрибаҳои нав дар таҳсилоти маҳаллӣ ва байналмилалӣ ишора намуда, таъсири рӯзафзуни кадрҳоро дар соҳаҳои иқтисоди рақамии мамлакат таъмин хоҳад кард.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: