Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон

19-10-2023, 09:50
Хабарро хонданд: 96 нафар
Назарҳо: 0
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи ШуғнонНимаи дуюми 18 октябри соли ҷорӣ бо иштироки Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мирзонабот Алишер, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Шуғнон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон мавриди истифода қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бино аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якум утоқи кории кормандон, китобхона бо 1000 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, ҳамчунин утоқи бойгонӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон ҷойгир мебошад.

Ошёнаи дуюм аз толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст,ҳуҷраи маъмурият ва дигар утоқҳои корӣ иборат аст.

Зимни шиносоӣ бо шароити кории бино, муовини якуми Раиси ҲХДТ ва раиси вилоят ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ҳамзамон, дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавонони ноҳия, ки бори аввал ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Роҳбарият зимни суханронӣ аз раванди созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави вилоят, ки бо дастури бевоситаи Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, зикр намуданд. Басо бамаврид таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандўстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд. Имрӯзҳо аъзои ҳизби раҳнамо дар ободонии кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби неруи созандаи кишвар барои пешрафти ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳмгузор мебошанд.

Қомат афрохтани бино ба ҳусни маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд. Атрофи иншоот бо гулҳо оро дода шуда, тамоми роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст.

Ҳамзамон барои маъмурият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон туҳфаи Пешвои муазами миллат - нақлиёти хизматии тамғаи "Нива" дар вазияти тантанавӣ супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: