Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд

26-11-2024, 08:30
Хабарро хонданд: 25 нафар
Назарҳо: 0
мрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зимни ҷаласа ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» баррасӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин академия.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ, ки дар доираи ин барнома иҷро гардид, ин танзими раванди таълим дар зинаи таҳсилоти магистратура ва докторантураи PhD мебошад. Барои дар сатҳи баланд тайёр намудани кадрҳои баланди илмӣ қаблан бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин самт омода ва пешниҳод гарданд.

Таъкид шуд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ба баланд бардоштани қобилияти зеҳниву таҳлилии насли нави илмӣ, тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ва ба талаботи бозори хизматрасонии илмиву таҳсилӣ мутобиқ намудани онҳо равона гардидааст.

Барнома соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, аз 16 банд иборат аст. Иҷрои 12 банди он ба зиммаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: