Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таъиноти кадрӣ 15.12.2021 17:13, шаҳри Душанбе

Таъиноти кадрӣ 15.12.2021 17:13, шаҳри Душанбе

16-12-2021, 07:10
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
Таъиноти кадрӣ 15.12.2021 17:13, шаҳри Душанбе

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти судӣ, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимзода Юсуф бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан, бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушмаҳмадзода Алифмо аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташ ва интихоб намудани ӯ ба вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур карда шуд.

Дар ҳайати намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Муовинони директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаву кордон таъин гардиданд.

Зимни мулоқот Сардори давлат таъкид намуданд: кадрҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ менамоянд, бояд ба кор бо ҳисси баланди масъулияти роҳбарӣ муносибат намоянд ва барои ҳалли мушкилоту монеаи пешрафти соҳаҳои вобастагардида манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо болотар гузошта, бо дасту дили пок ва қобилияти хуби ташкилотчигӣ ба нафъи мардум хизмат намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: