Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАБОН - ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МИЛЛАТ АСТ

ЗАБОН - ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МИЛЛАТ АСТ

10-10-2024, 14:20
Хабарро хонданд: 525 нафар
Назарҳо: 0
ЗАБОН - ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ МИЛЛАТ АСТ
Забон сарвати бебаҳои миллат маҳсубёфта, ҳамчун воситаи тавоно ва пурқудрати муоширати байни одамон хизмат мекунад. Инчунин имкон фароҳам меорад, ки маълумоти зарурӣперомуни натиҷаи фаъолияти созандаву бунёдкорона ва зеҳниву ақлонии инсоният тавассути он захира, нигоҳдорӣва аз насл ба насл интиқол дода шавад.
Тавре аз таърих бармеояд, пеш аз соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, ҳанӯздар санаи 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ» қабул карда шуда буд. Мутобиқи қонуни мазкур забони тоҷикӣ дар қаламравиҷумҳурӣба худ мақоми давлатиро гирифт. Аз ин рӯ, ҳамасолашуруъаз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон санаи 22-юми июл ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонботантана таҷлил мегардид.
Баъдан Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”-ро қабул кард.Ҳамин тариқ, дар таърихи 5-уми октябри соли 2009 баъд аз имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни мазкур ҳукми амали худропайдо кард.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" тағйирот даровард ва мутобиқиҚонуниҶумҳурииТоҷикистоназ санаи 5-уми октябри соли 2009 таҳтирақами699 санаи 5-уми октябр дар қаламрави кишварамон Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукуҳу дар сатҳибаландидавлатдорӣвабоифтихори миллӣҷашнгирифтамешавад.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатӣ» масъалаҳое, ки дар қонуни қаблии забон набуданд, мавқеи асосӣваҷойгоҳи худро пайдо карданд ва ин қонун ба манфиати давлат ва миллат буд.
Ҳамин тариқ, мувофиқи қонуни навитаҷдидшуда забони давлатии Тоҷикистон забони «тоҷикӣ» мебошад ва донистани он ба ҳар як шаҳрванди ҶумҳурииТоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Баъди ба Истиқлол расидани кишварамон забони давлатии мо мавқеъи хоса пайдо кард ва дар ҷомеа нақши боризро мебозад. Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз мувафақиятҳои бузурге, ки мо дар ин давра ба даст овардем, дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Агар мантиқан андеша намоем дар ҳақиқат ҳам забон ифодагари тамоми дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва ҳамзамон анъанаҳои мардум мебошад. Зеро забон пояи миллат ба ҳисоб рафта, он на танҳо ифодагари арзишҳои маънавӣ, балки як роҳи ба вуҷуд омадани худшиносии миллӣ мебошад ва ҳастии ҳар халқу миллат дар пойдории забони модарии ӯ алоқамандӣ дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Умри миллат ба умри забон вобаста аст”.
Аз ин рӯ,ҳар кадоми мо бояд нисбати забони модарии худ як меҳру муҳаббат самимӣ дошта бошем ва ҳамзамон бояд ба он эҳтиром гузорем.
Таърих бисёр воқеаҳоро исбот менамояд, ки забон дар роҳи ташаккули халқҳо ва наҷоти башар аз фишору таҳдид ва кӯшиши марговари қавмҳои бегона нақши бориз гузоштааст. Дар ин хусус бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ қайд кардаанд, ки “Забон дирӯз, имрӯз ва фардои халқ, шиносномаи миллат дар масири таърих буд ҳаст”.Оре, маҳз ҳамин забон аст, ки илму фарҳанги мо дар сатҳи баланд қарор дорад ва дар байни дигар халқиятҳо шуҳрати беандоза пайдо кардааст. Аз ин рӯ, забон дороии миллат ва муқаддасоти давлати тоҷикон аст.
Бояд қайд кард, ки дар китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён.”, “Забони миллат - ҳастии миллат”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ”, ки ба фарҳангу тамаддун ва бисёре аз масъалаҳои дигари марбут ба таърихи халқи тоҷик ва мавқеи забони тоҷикӣбахшида шудаанд, бо далелу хулосаҳои муфассал дарҷ гардидаанд.
Забониҳамчун як рукни фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ дар ҳаёти ҳар як халқу миллат мавқеъу манзалати сазовор дорад. Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ривоҷи бемайлони бадалшавии низоми сиёсии кишварҳои олам лаҳзае аз ҳифзи асолати забони модарӣ фориғ набошанд. Сарвари давлат дар асари бунёдии “Забони миллат - ҳастии миллат” чунин таъкид кардаанд: “Муҳим он аст, ки аз таҷрибаи ниёгонамон барои ҳифзи асолати забонамон ва афзудани неруву тавонмандии он сабақ бигирем ва нагузорем, ки доду ситади луғавӣ ба табиати забонамон халал ворид кунад”.
Инчунин, дар суханрониҳои худ Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мақому манзалати забони тоҷикӣ чунин баён доштаанд: “Забони давлатӣ аз рукнҳои асосии давлатдории миллат, ки дар пойдорӣ ва суботи давлати миллӣ мақому нақши муҳим дорад ва аз ҳамин хотир аст, ки модар Тоҷикистон забони миллатро ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон кардаем”, “Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад”.
Бо назардошти гуфтаҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст, ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ,ваиҷтимоиву фарҳангии кишвар пурра ҷорӣ шудани забони давлатӣ талош намоем, таҳқиқи илмӣ ва таъмини ҳаматарафаи онро вусъат бахшем ва забони гуворою ноби тоҷикиро аз олоишҳо тоза нигоҳ дорем. Маданияти сухангӯию одоби каломро баланд бардорем, дар навишту гуфтор меъёрҳои забони адабиро риоя намоем.

Қудратов Комрон - мудири шуъбаи Иттиҳоди
Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши
масъалаи давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: