Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Аз 23 то 27 октябр дар Тоҷикистон боронҳои пай дар пай пешгӯйӣ мешаванд

Аз 23 то 27 октябр дар Тоҷикистон боронҳои пай дар пай пешгӯйӣ мешаванд

22-10-2024, 13:06
Хабарро хонданд: 381 нафар
Назарҳо: 0
Аз 23 то 27 октябр дар Тоҷикистон боронҳои пай дар пай пешгӯйӣ мешавандАз 23 то 27 октябр дар Тоҷикистон ҳарорат то 1 дараҷа паст фаромада, боронҳои пай дар пай дар назар аст. Аз 28 то 30 октябр ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯйӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар шаҳри Душанбе агар то имрӯз ҳаво рӯзона 26-28 дараҷа гармиро ташкид медод, аз 23 то 27 октябр шабона аз 9 то 11 дараҷа гарм ва рӯзона аз 18 то 20 дараҷа гарм мешавад.

Аз охири рӯзи 22 октябр ҳаво тағйр меёбад ва боридани борон шуруъ шуда, то 27 октябр идома мекунад.

Инчунин дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйрёбанда дар назар буда, боридани борон пешгӯйӣ мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳаво аз 17 то 22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағирёбанда дар назар буда, боридани борон пешгӯйӣ мешавад. Дар вилоят ҳаво дар ин рӯзҳои боронӣ аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Аз 23 то 27 октябр дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошидат дар назар аст. Ҳаво рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин рӯзҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани боронҳои пай дар пай дар назар аст. Ҳарорати ҳаво рӯзона 11+14 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: