Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад

Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад

1-10-2024, 10:51
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 0
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардадМаркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад. Марказ, ки 40 сол қабл аз ин дар бинои кӯҳнаи сохти финӣ дар шаҳраки Сомониёни шаҳр мавқеъ дошт, бо гузашти айём садамавӣ шуда, фаъолият дар он барои кормандони марказ қариб номумкин гардид.

Сардори Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ Кишвар Наврузшоев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «ин бино солҳои пеш аз чӯбу тахта бунёд ёфта буд ва бо мурури замон масолеҳи сохтмониаш пӯсида, фаъолият дар он барои кормандон хатарзо гардид. Имрӯзҳо корҳои бунёдӣ дар бинои нави марказ идома дошта, 10 бинокори маҳаллӣ аз Ҷамъияти саҳомии «Помирсохтмон» дар ин ҷо фаъолият мекунанд. Умед дорем, ки то охири соли равон бинои мазкур бо тамоми таҷҳизоти муосири обуҳавошиносӣ дар ихтиёри мо қарор мегирад».

Ҳоло дар ошёнаи якум хиштчинӣ ба анҷом расида, коргарон дар боми бино ба оҳанбандиву бетонрезӣ машғул мебошанд. Бинои нави Маркази обуҳавосанҷӣ бо дарозии 13 метр ва паҳноии 10 метр сохта мешавад. Аз рӯи лоиҳа дар он 4 утоқи корӣ ҷой дода шуда, барои фаъолияти пурсамари кормандони Маркази обуҳавошиносӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили оҳану хишт аз пойтахти ҷумҳурӣ дастрас гардида, коргарони Корхонаи шакли кушоди «Бунёд» сари вақт сохтмонро бо бетон таъмин мекунанд. Музди меҳнати бинокорон аз рӯи ҳаҷми иҷрои кор сари вақт пардохт мешавад. Мутобиқи нақша, корҳои бунёдӣ дар бинои Маркази обуҳавошиносии вилоят моҳи декабр ба анҷом расида, боз як иморати замонавӣ маркази вилоятро оро медиҳад.

Соҳаи санҷиш ва пешгӯии обу ҳаво дар замони мо ва бахусус дар шароити манотиқи кӯҳистон, ки иқлим бо суръати баланд тағйир меёбад, хеле муҳим мебошад. Сари вақт кӯчонидани одамон дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ, ба мисли фаромадани селу тарма ва афтидани сангрезаву кӯҳпораҳо маҳз ба маълумоти дақиқу дурусти ин марказ вобаста аст. Ҳамчунин бисёр соҳаҳои иқтисод, бахусус пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ аз пешгӯии обу ҳаво вобаста аст.

Баъди ба истифода супоридани ин марказ фаъолияти мутахассисон беҳтар мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: