Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

28-06-2017, 12:28
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

ДУШАНБЕ, 28.06.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазирони кишварҳои аъзоро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои вазирон натиҷаҳои бобарорро орзу карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҳамкории зич ва самаранок байни сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба гуруҳҳои ифротӣ муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва вазъи зудтағйирёбандаи олам бояд сохторҳои дахлдори кишварҳои аъзо дар доираи ҳамкории дастаҷамъона ва огоҳона дар чаҳорчӯби иттиҳод барои пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир тадбирҳои муштарак андешанд ва бар зидди онҳо муқовимати шадиду оштинопазир нишон диҳанд.

Ҳамчунин зимни мулоқот зикр гардид, ки татбиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар доираи иттиҳод қабулгардида гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ, табодули иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони ин сохторҳо барои таъмини амнияту субот дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои судманди ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: