Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд

13-09-2024, 16:04
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон аз Тоҷикистон 17 варзишгар иштирок менамояд
Аз 2 то 6 октябр дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе маротибаи аввал Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF).

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, то ҳолати 13 сентябр барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни ҷавонон дар шаҳри Душанбе 329 варзишгвщгар (183 писар ва 146 духтар) аз 51 кишвари 5 қораи олам номнавис шудаанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар ин чемпионат 17 варзишгарро номнавис намуд. Инҳо Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Саъдӣ Маҳмадов (-60кг), Хайрулло Ғанизода (-60 кг), Самиршо Муҳаббатов (-66 кг), Умар Шеров (-66 кг), Бобоҷон Муқтадирӣ (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг), Аминҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Суннатулло Мусоев (-81 кг), Муҳаммад Юсуфзода (-81 кг), Мусохон Ғаниев (-90 кг), Мусаммир Каримзода (-90 кг), Парвиз Абдураҳмонов (-100 кг), Муҳсин Маллаев (-100 кг), Аҳмад Табаров (+100 кг) ва Фараҳманд Устопириён (+100 кг) мебошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: