Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲАЁТИ ҲИЗБ

ҲАЁТИ ҲИЗБ

30-05-2024, 08:46
Хабарро хонданд: 532 нафар
Назарҳо: 0
ТАШАББУСИ ҲХДТ ДАР АМАЛ - “ФУТБОЛ БАРОИ ДӮСТӢ”
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи клуби футболи “Ювентус” дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Шурои собиқадорони соҳаи варзиш Алиаҳмад Мирзоев, ассистенти Академияи клуби футболи “Ювентус” Алишер Такмеликов ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” таҳти унвони “Футбол барои дӯстӣ” даври ҷамъбастии “Футболи хурд” миёни наврасони шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар чорабинӣ, инчунин, кормандони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, фаъолони ҳизбӣ, собиқадорони футболи тоҷик, бозингарони тими миллӣ, кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҳизбӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карданд.
Дар ибтидо муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода суханронӣ карда, оид ба ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ҷиҳати баргузор намудани “Ҳафтаи футбол” дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ андешаронӣнамуд.
Мавсуф аз ҷумла ёдовар шуд, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълон намудани рӯзи 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз ҷониби Раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд ва боз як ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуд. Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода суханронӣ намуда, аз рафти баргузории “Ҳафтаи футбол” дар кумитаҳои иҷроияи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он ба ифтихори “Рӯзи ҷаҳонии футбол” маълумоти муфассалро манзури ҳозирин гардонид.
Раиси Шурои собиқадорони соҳаи варзиш Алиаҳмад Мирзоев низ дар суханронии худ аз дастовардҳои варзишгарони кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат ёдовар шуда, иштирокчиёнро бо даври ҷамъбастии “Футболи хурд” миёни наврасони шаҳри Душанбе табрик гуфт.
Сипас, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода чорабиниро расман ифтитоҳкард ва Суруди миллӣ садо дода, мусобиқа аз рӯйи намуди “Футболи хурд” миёни наврасони шаҳри Душанбе оғоз ёфт.
Аз рӯйи натиҷаи мусобиқағолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян гардиданд. Инчунин, Муҳаммад Султонов ҳимоятгари беҳтарин, Аҳмадҷон Муродов дарвозабони беҳтарин, Насим Кенҷаев нишонзани беҳтарин дониста шуда, Суҳроб Нусратуллозода дар ҳунарнамоӣ бо тӯб сазовори ҷойи якум шуд. Ҳамзамон, дар намуди “Задани тӯб ба масофаи 7 метр” низ ғолибон муайян гардиданд. Баъдан, ғолибони мусобиқа бо “Ҷоми ҲХДТ”, диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ қадрдонӣ шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ баргузор намудани “Ҳафтаи футбол” дар кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо дарки масъулияти баланд дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ карда шуд, ки чорабинӣ дар доираи ҳамин иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар сатҳи баланди ифтихори ватандорӣдоир гардид.

ТАЪСИСЁБИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБИИ“ОБОДКОР”ВА“ШИРИВАТАН” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

ДарКорхонаи воҳидидавлатии “Ободонӣ”-и МақомотииҷроияиҳокимиятидавлатиишаҳриДушанбеваҶамъияти дорои масъулияти маҳдуди“Корхонаимуштаракиистеҳсолии “Шири Ватан” маҷлисимуассисонҷиҳатитаъсиситашкилотиибтидоииҲизбиХалқииДемократииТоҷикистонбаргузоргардида, даркорионроҳбариятиКумитаииҷроияиҲХДТдарноҳияиФирдавсӣиштироквасуханронӣ карданд.
РоҳбариятиКумитаииҷроияи ноҳиявииҳизбвобастабамавқеиҳизбҳоисиёсӣдарташаккулииродаимардум, барномаҳоипешазинтихоботииҲХДТ, саҳмиташкилотҳоиҳизбӣдаркорҳоисозандагиюободкорӣдарпойтахт, арзишҳоимуқаддасиИстиқлолидавлатӣваВаҳдатимиллӣ, дастуру супоришҳоиПрезидентиҶумҳурии ТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмонзимнимулоқотбофаъолон, намояндагониҷомеаваходимонидиникишвараз 9-умимартисолиҷорӣванақшумақомиҲХДТдарташаккулииродаисиёсиишаҳрвандонандешаронӣкарданд.
Маҷлисимуассисонташкилотиҳизбиродар Корхонаи воҳидидавлатии “Ободонӣ”-и МақомотииҷроияиҳокимиятидавлатиишаҳриДушанбе“Ободкор”вадарҶДММ “Корхонаимуштаракиистеҳсолии“ШириВатан” -“ШириВатан”номгузорӣнамуда, раисониташкилотиибтидоӣинтихобкардашуданд. Банафароне, кибасафиҲХДТпайвастанд, дар вазъияти тантанавӣшаҳодатномаиҳизбӣсупоридашуд.
Доштани мавқеиустуворисиёсӣдарҳамадаврузамон, хусусандардавраиҷаҳонишавӣмуҳимарзёбӣгардида, таъсиситашкилотиибтидоииҳизбӣҷиҳатимуаррифииҳадафҳоисозандаироҳбариятиолииҲХДТ,огоҳнамуданишаҳрвандоназвазъиҷомеаиҷаҳонӣвашаҳрвандӣ, ҳифзуҳимояиарзишҳоимиллӣвапешгириизуҳуротиноматлубмусоидатменамояд.


“ШОМИ ҶАВОНӢ” ДАР БАДАХШОН
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми май дар саросари мамлакат таҷлил мегардад, роҳпаймоӣ ва ҳамоишифарҳангии“Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, ки бо иштироки муовинони раиси вилоят ва раиси шаҳри Хоруғ баргузор гардид, тамоми сокинони шаҳр ва ҷавонон бо шиору овезаҳои ватандӯстӣ иштирок карданд.
Роҳпаймоӣ аз назди майдони Исмоили Сомонӣ оғоз ёфта, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ ба анҷом расид.
Сипас, бахшида ба ин санаи фархунда ҳамоиши фарҳангии“Шомиҷавонӣ” шуруъ гардида, дар он муовини раиси вилоят Мусо Мирзозода суханронӣкарда, азҷумлабаёндошт, ки ҷавонон идомабахш ва эҳёгари суннатҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, сарчашмаи эҷоди ғояҳои нав ва ташаббусҳои бузург ва созандагони тақдири имрӯзу фардои кишвармебошанд.
Гуфта шуд, ки хизмати содиқона ба халқу Ватан, ҳифзи марзу буми он, зиракивуҳушёрӣ дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат қарзи ҷонии ҳар ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад.
Ифтихор ва сарафрозии кулли ҷавонони мамлакат аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ташаббусҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ менамояд ва дар доираи имконот тамоми шароитро барои таҳсилу шуғли онҳо муҳайё кардааст.
Таъкид гардид, ки ҷавонони ғаюру шуҳратёр ва ватанпарасту миллатдӯст таҳти ҳидояту роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ғуруру номуси миллӣ даст ба даст дода, баҳри боз ҳам рушду нумуъ ёфтани Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯион дар арсаи ҷаҳонӣ тамоми нерую маҳорати созандаи худро сафарбар менамоянд.
Ҳамоиши фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки ҳунармандони шинохтаи вилоят ва иҷроисурудҳодар васфӣҷавонӣ ва ватандӯстӣанҷом ёфт.

ҶАВОНОН -ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳоизикр доштанд: “Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд”.
Дар робита ба таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд" чорабинии фарҳангӣ- фароғатӣ таҳти унвони “Мо,ҷавонон - пайравони Пешвои миллат” бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, роҳбарият, омӯзгорони Литсей, собиқадарони меҳнат ва волидайни хонандагон баргузор гардид.
Зимни суханронӣроҳбариятиМуассиса аздастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Роҳбаридавлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сиёсати давлатии ҷавонон ва муваффақияту комёбии ҷавонони кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣёдовар гардида, зикр дошт, ки дар ҳақиқат, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз фаношавӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Дар идомаи ҳамоиш роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов дар ҷараёнисуханронӣтабрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро ба ҳозирин расонид ва аз мактаби ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Гуфта шуд, ки ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайравии ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон - Тоҷикистон то абад боқӣ мемонанд.
Баъдан, якчанд омӯзгорони ҷавон ва хатмкунандагони фаъоли Муассиса бо ифтихорнома ва сипосномаҳосарфароз гардонида шуданд.
Дар қисми адабӣ-фарҳангӣ хонандагон бо шеъру сурудҳо дар васфи Пешвои миллат ва Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карданд.

ТАҶЛИЛИ “РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ” ДАР ШАҲРИ НОРАК
ҲАЁТИ ҲИЗБ
Бо мақсади дастгирӣ аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки Созмони Милали Муттаҳид 25-уми майро“Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон кард, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз 18-ум то 25-уми май як қатор мусобиқаҳои варзишӣ доир гардид.
Санаи 25-уми майдар варзишгоҳи хурди шаҳри Норак фестивали калони футболбозон бо ҷалби беш аз 350 нафар кӯдакону наврасони шаҳри Норак дар сатҳи баланд ва бо як шукӯҳу шаҳомати хосса гузаронида шуд.
Дар ҷамъомади тантанавӣмуовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қумриниссо Гулмуродзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Меҳроҷ Раҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода вамуовини раиси шаҳри НоракЗуҳро Ҳакимзодаиштирок ва суханронӣкарданд.
Асрор Латифзода дар ҷараёнисуханронӣдоир ба аҳаммияти варзиш ва рушди футбол, ки яке аз роҳҳои беҳтарини нигоҳ доштани саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад,андешаронӣкарда, аҳли фестивалро муборакбод намуд ва аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ба мураббиёну фаъолони соҳаи варзиш тӯбҳои футболбозӣ тақдим кард. Ин иқдом як саҳме дар рушди футбол ва умуман варзиш хоҳад буд.
Ҷамшед Саидзода зимни суханронӣзикрнамуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанг ва ташаббускор барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода кардани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад.
Шаҳло Ҳасанзода қайд кард, мояи ифтихор ва сарфарозист, ки варзиш рӯз ба рӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо рушду инкишоф ёфта, қисмати асосии аҳолии мамлакат рӯ ба он овардаанд.
Таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон ба варзиш аз солимии миллати тоҷик шаҳодат дода, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид гузоштааст.
Эълон шудани 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва таҷлили ҳамасолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбариятии олии кишвар нисбат ба соҳаи варзиш шаҳодат медиҳад.
Зуҳро Ҳакимзода аз қабули ташаббуси ПрезидентиАссотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар бораи эълон кардани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аз ҷониби МаҷмаиУмумии Созмони Милали Муттаҳид чун як падидаи хубу хотирмон арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, дар асоси нақшаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мактаби санъати бачагона озмуни расм бахшида “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар мавзуи “Варзиш - қосиди сулҳ” роҳандозӣшуда буд, ҷамъбаст гардида, хонандаи синфи 11 Манучеҳр Абдуллозода соҳиби ҷойи 1-ум, хонандаи синфи 7 Маъруфатулло Ашуровсоҳиби ҷойи 2-юм, хонандаи синфи 7 Фариз Шарифов ва омӯзгор Далер Ахмедов сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷомаз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак варзишгарони беҳтарин бо сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

ТАШАББУСИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Бо мақсади дастгирӣ аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 25-уми майро Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон кард, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” аз 18-ум то 25-уми май як қатор чорабиниҳои варзиширо доир намуд. Яке аз ин чорабиниҳо аксияи “Тӯб” буда, ба муносибати “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар варзишгоҳи марказии шаҳр ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Мақсад аз гузарондани аксияи “Тӯб” рушди варзиш, аз ҷумла футбол ва ба варзиш бештар ҷалб кардани таваҷҷуҳимардум мебошад.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода доир ба аҳаммияти варзиш ва рушди футбол андешаронӣкарда, аҳли ҳамоишро муборакбод гуфт ва аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба меҳмонон ва мураббиёну фаъолони соҳаи варзиш тӯбҳои футболбозӣ тақдим намуд. Ин иқдом саҳмгузорӣдар рушди футбол ва умуман варзиш хоҳад буд.Дар ин росто зикр гардид, ки футбол на танҳо як варзиш аст, балки як неруи тавоно барои некӣкардан ба инсонҳоирӯйиЗаминмебошад. Он дар тавсеаи ҳамкориҳои дастаҷамъона, эҳтироми ҳамдигарӣ ва тақвияти равобити тамоми қишри ҷомеа нақши муҳим мебозад. Футбол ҳамчун як омили муҳим берун аз майдон ба рушди иқтисодӣ, тандурустӣ ва некуаҳволииаҳолӣ мусоидат карда, ҳамчун воситаи дипломатия ва табодули фарҳангӣ хидмат менамояд.

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ МАҲФИЛ-ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОНИ МАН!” ДАР ҲИСОР

Дар толори фарҳангии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор маросими ҷоизасупории ғолибони маҳфил - озмуни “Тоҷикистони ман!”, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнии “Соли маърифати ҳуқуқӣ” роҳандозӣ гардида буд, баргузор шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод дар ибтидо баён дошт, ки дар даври аввали маҳфил-озмуни “Тоҷикистони ман!” зиёда аз 746 нафар ва дар даври дуюм 87 нафар иштирок доштанд.
Гуфта шуд, ки мақсад аз гузаронидани маҳфил-озмуни мазкур таҳкими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ миёни ҷавонон ва наврасон, талқини онҳо барои озодона сухан гуфтан бо забони адабии тоҷикӣ ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчун миллати дорои тамаддуни бостонӣ мебошад.
Озмун миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу литсейҳои шаҳри Ҳисор роҳандозӣ карда шуд.
Дар ин замина, тибқи талаботи Низомномаи маҳфил-озмуни базми ғазал таҳти унвони “Тоҷикистони ман!” даври аввали он аз санаи 18-уми апрел то 13-уми май дар муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуда, 87нафари ғолибон барои иштирок дар даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Иштирокчиёни озмун тибқи талаботи Низомнома дар назди ҳайати ҳакамон ҳунарнамоӣкарда, аз ҷониби комиссия ба ҳозирҷавобии довталабон маълумоти мухтасар дар бораи асар ва тарзи қироати ғазал аз осори шоирони классикии тоҷикуфорс баҳогузорӣшуд.
Ҳайати комиссия аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи фарҳанги шаҳр, роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор Ҳалим Самадов, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Султонмурод Одина, намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр, директорони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони Китобхонаи марказӣ ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Ҳисор таъсис дода шуд.
Дар натиҷа хонандаи Муассисаи таҳсилотимиёнаиумумии№34 Икром Ҳайитов барои баромади намунавӣ, ҳозирҷавобӣ, қироати ифоданоки ғазал ва маълумоти пурра дар саволҳои пешниҳодшуда аксарияти холҳоро ба даст оварда, сазовори ҷойи якум, хонандаи Муассисаи таҳсилотимиёнаиумумии№53-и шаҳри Ҳисор Ҳомия Тӯфонова ва хонандаи Муассисаи таҳсилотимиёнаиумумии№97-и шаҳри Ҳисор Шукрона Меликова бо ба даст овардани ҷойи дуюм, хонандагони Муассисаи таҳсилотимиёнаиумумии№5, 11 ва 50 ба гирифтани ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд. Хонандагони Муассисаи таҳсилотимиёнаиумумии№10, 15, 17 ва 61 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Ҳамчунин, миёни донишҷӯёни литсей, коллеҷҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва Гимназияи №1 ба хонандаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳр Шукронаи Икромиддин бо баромади намунавӣ, ҳозирҷавобӣ, қироати ифоданоки ғазал ва маълумоти пурра дар саволҳои пешниҳодшуда аксарияти холҳоро соҳиб шуда, сазовори ҷойи якум, донишҷӯи Коллеҷи омӯзгорӣ Фаридаи Иброҳим ва Сафина Азимова аз Коллеҷи тиббӣҷойҳои дуюм ва Сумайя Умарова аз Гимназияи №1, Фариза Тағоймуродова аз Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Ҳисор, Фарида Асоева аз Коллеҷи тиббӣ ва Нигина Раҳмонова аз Коллеҷи омӯзгорӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи рангини омодакардаи хонандагони Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор, ки саршор аз муҳаббати Ватан, истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва шукргузорӣ аз тантанаи сулҳу субот буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.

ДАСТУРИ МЕТОДӢ ДАР БОРАИ БАРГУЗОР НАМУДАНИ МАҶЛИСҲОИ ҲИСОБОТӢ -ИНТИХОБОТӢ ТАВЗЕҲ ГАРДИД

ДарбиноиКумитаи иҷроияиҲХДТдарноҳияиДанғара бо иштироки муовини Раиси ҲизбиХалқииДемократииТоҷикистонАсрор Латифзода ва раисоникумитаҳоииҷроияиҳизбдаршаҳруноҳияҳоивилоятиХатлонсеминаримашваратӣдарбораибаргузорнамуданимаҷлисҳоиҳисоботӣ-интихоботӣдарташкилотҳоиҲизбиХалқииДемократииТоҷикистондоиргардид.
Дар ибтидо муовини Раиси ҲХДТАсрорЛатифзодадоир ба ҳадафҳоисозандаиҳизббароитаъминирушдиустувор ва бомароми мамлакат, сатҳусифатиарзандаизиндагииаҳолӣ, фароҳамоварданиимкониятҳоибаробар, ҷиҳатитатбиқинеруиинсонӣ, кидарасосибаробарӣ, адолатваэҳтиромгузоштанбашаънушарафиинсонравонашудааст, иброзиназар кард.
Сипас, дастури методие, ки дар бораи баргузор намудани маҷлисҳоиҳисоботӣ-интихоботӣдарташкилотҳоиҲизбиХалқииДемократииТоҷикистондарасоситалаботиҚонуниҶумҳурииТоҷикистон“Дарбораиҳизбҳоисиёсӣ”, ОинномаиҲХДТ, БарномаиҲХДТ, Низомнома “Дар бораи интихоби кумитаҳоииҷроияиҲизбиХалқииДемократииТоҷикистон”вақарориРаёсатиКумитаиИҷроияиМарказӣаз 15-умимайисоли 2024 “Дарбораибаргузорнамуданимаҷлисҳоиҳисоботӣ-интихоботӣдарташкилотҳоиҲизбиХалқииДемократииТоҷикистон»таҳиягардидааст, бо раисони КумитаҳоииҷроияиҲХДТдарвилоятиХатлонтавзеҳёфт.
Аз ҷумлатаъкидгардид, кимаҷлисҳоиҳисоботӣ-интихоботӣдарташкилотҳоиҳизбииҷумҳурӣчорабиниимуҳиммиҳизбӣбаҳисобрафта, дарасосисанадҳоимеъёрииҳуқуқие, кифаъолияти ташкилотҳоиҳизбиробатанзиммедароранд, омодавабаргузоркардамешавад.
Барои дар сатҳибаландисиёсиюташкилӣдоирнамуданиинчорабинӣКумитаи ИҷроияиМарказииҲХДТтамомираисоникумитаҳоииҷроияиҳизбиивилоятвашаҳруноҳияҳоровазифадорменамояд, киазмаводипешниҳодгардида истифода бурда, маъракаи мазкурро тибқиҷадвалдармуҳлатҳое, кимаҷлисиРаёсатиКумитаи ИҷроияиМарказииҲХДТмуайянкардааст, баргузорнамоянд.
Дар анҷомзикргардид, киҳизбимобасифатинеруимуқтадирисиёсиикишварбароивоқеанамалӣгардиданиозодиҳоисиёсивуиқтисодӣ, азқабилигуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодиисухан, матбуотваэътиқод, интихоботишаффофудемократӣ, волоиятиқонун, иқтисодиётигуногуншакл, рақобатиозодииқтисодӣ, рушдисоҳибкориихурдумиёна, ташаккулиҷомеаишаҳрвандӣвамонандиинҳоҳамчунҳадафҳоибарномавиихудтоимрӯзталошмекунад.


Таҳияи Ибодулло Тоҳиров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: