Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мусобиқаи варзишии футбол миёни нерӯгоҳи Норак ва нерӯгоҳи Бойгозӣ

Мусобиқаи варзишии футбол миёни нерӯгоҳи Норак ва нерӯгоҳи Бойгозӣ

18-05-2023, 09:33
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Мусобиқаи варзишии футбол миёни нерӯгоҳи Норак ва нерӯгоҳи Бойгозӣ
Тибқи нақша-чорабинии шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 5-уми майи соли 2023 ва нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 15-уми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон миёни дастаҳои «НБО-и Бойғозӣ» ва «НБО-и Норак» мусобиқаи варзишӣ намуди футбол бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Норак оғоз ёфт.
Дар мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан баромад намуда, қайд кард, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни устодону кормандони корхонаву ташкилотҳо мебошад.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ иштирокчиёни мусобиқаро хуш пазируфта, қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».Мусобиқаи варзишии футбол миёни нерӯгоҳи Норак ва нерӯгоҳи Бойгозӣ
Раҳимзода Меҳроҷ дар баргузории чунин мусобиқаҳоро дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҷавонону наврасон дониста, дар замири онҳо тарбия намудани инсондӯстӣ, тифоқиву ҳамдилиро мебинад.
Гузориши аз рафти бозии футбол миёни дастаҳои «НБО-и Бойғози» ва «НБО-и Норак», бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи НБО-и Норак ба анҷом расид. Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонону наврасони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳимзода Меҳроҷ туҳфаҳои хотирмон ба ғолибон супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: