Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали биринҷӣ ба даст овард

Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали биринҷӣ ба даст овард

21-05-2024, 05:30
Хабарро хонданд: 715 нафар
Назарҳо: 0
Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали биринҷӣ ба даст овардВарзишгари Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81 кг медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо 2024-ро ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков варзишгарон аз Фаронса, Нидерланд, Миср ва Гурҷистонро мағлуб намуд. Дар марҳилаи баъдӣ Сомон Маҳмадбеков аз варзишгари Гурҷистон Тато Григалашвили мағлуб шуда, муборизаро барои медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон идома дод.

Дар ин марҳила Сомон Маҳмадбеков намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гочилаидзеро шикаст дод ва мақоми сеюмро касб намуд.

Бояд гуфт, ки ин медали дуюми биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар таърихи ҷудои Тоҷикистон мебошад. Аввалин медалро Расул Боқиев дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо ҳанӯз соли 2007 дар Бразилия ба даст оварда буд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: