Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

16-05-2024, 10:41
Хабарро хонданд: 758 нафар
Назарҳо: 0
РИСОЛАТИ ТАЪРИХИИ ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ  ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
(ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ)
Албатта, яке аз нишонаҳои асосии ҷомеаи демократӣ мавҷудияти бисёрҳизбӣ аст, ки барои гуногунандешӣ ва роҳандозӣ намудани амалу иродаи табақаҳои гуногуни ҷомеа замина фароҳам меорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз зумраи ҳизбҳои сиёсии кишвар аст, ки дар таҳкими сулҳу суботи кишвар саҳми чашмрас дорад. Агар ба таърихи ин ҳизб дақиқтар назар андозем, он дар замони соҳибистиқлолии кишвари азизамон таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст.
Перомуни кору фаъолияти ин ҳизби воқеан ҳам мардумӣ нигоҳи сиёсатмадорону коршиносони ҷомеа гуногун буда, онҳо аксаран паҳлуҳои мусбати ташаккули онро ифода мекунанд.
Инак, суҳбати ихтисосии хабарнигори “Минбари халқ” Гулҳаёи Мадимарро бо доктори илмҳои сиёсӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Комилбек Амид Ёрбек дар атрофи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва саҳми назарраси он дар ҷомеа ҳамчун ҳизби пешсаф пешкаши хонандагон мегардонем.
- Муҳтарам Комилбек Амид, маълум аст, ки яке аз ниҳодҳои асосии низоми сиёсии ҷомеа ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Аз нигоҳи Шумо, онҳо дар раванди ташакуллёбии давлати миллӣ чӣ саҳме гузошта метавонанд?

- Таҷрибаи таърих собит намудааст, ки раванди ташаккули давлати миллӣ дар масири таърих марҳилаҳои мураккабро паси сар намуда, дар ташаккул ва таҳкими пояҳои истиқлол ва бақо мондани давлат унсурҳои гуногун аҳаммияти бузург доранд.
Маҳз тавассути қувваҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ки қудрати бузурги зеҳнӣ ва маърифати таърихи бунёди давлатидориро дарк менамоянд, дар шакли гурӯҳи алоҳида баромад карда, афкори ҷомеаро баҳри амалӣ намудани ормонҳои миллӣ ба маҷрои муайян равона месозанд.
Яке аз ниҳодҳои асосии низоми сиёсии ҷомеа ҳизби сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамчун василаи муҳим дар роҳи ташаккул ва сафарбар намудани ҷомеа баҳри амалӣ намудани ғояҳои бузурги миллӣ хизмат менамояд.
Ҳизби сиёсӣ, ҳамчун ниҳоди сиёсӣ дар низоми сиёсии ҷомеа, нисбатан падидаи нав буда, миёни дигар иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ба ақидаи ҷомеашинос ва сиёсатшиноси англис Р. Доуз, “сирф моли сиёсӣ” мебошад.
Моҳият ва табиати худи ҳизби сиёсӣ нишон медиҳад, ки он ягона унсури сиёсӣ мебошад, ки ба ғайр аз мақсади ба даст овардани ҳокимият, ҳамчунин, баҳри ташаккул ва инкишофи ҷомеа, муайян кардани стратегияи рушди дарозмуддати давлат, тақсими оқилонаи захираҳои ҳокимият, сарҷамъ намудани захираҳои инсонӣ ва дар маҷмуъ, сафарбар намудани ҷомеа баҳри татбиқи ормонҳои миллӣ баромад мекунад.
Таҷрибаи таърихи фаъолияти ҳизбҳои сиёсии давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки маҳз тавассути ҳизб низоми сиёсии ҷомеа, идоракунии сиёсӣ ва фарҳанги сиёсӣ мукаммал мегардад ва пайваста баҳри қонеъ гардондани талаботи ҷомеа ва босамар ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти давлатӣ хизмат менамояд.
Зуҳури ҳизбҳои сиёсӣ ба давраи ба вуҷуд омадани давлати миллӣ рост меояд. Аз ин рӯ, он ҳамчун унсури муҳимми сиёсӣ пурра ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди давлати миллӣ саъю кӯшиш менамояд ва аз таъсири дигар омилҳои ғайримиллӣ озод мебошад.
Таҳлили таърихи сиёсии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва раванди бунёди давлати миллӣ собит мекунад, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои сиёсии зиёд таъсис дода шуданд ва яку якбора баҳри ба даст овардани ҳокимият, новобаста аз нуфузи ҷамъиятӣ ва набудани таҷрибаи кофӣ, вориди муборизаҳои сиёсӣ гардидаанд, ки натиҷаи он ба фалаҷшавии низоми сиёсӣ оварда расонд.
Дар натиҷаи бархӯрдҳои сахти сиёсӣ аксарияти онҳо зуд аз саҳнаи сиёсӣ нопадид гардида, ба тақдири минбаъдаи давлат таъсири ҳалкунанда расонида натавонистанд.
Дар ин буҳрони сахти сиёсӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи бузурги сиёсӣ ва сифатҳои сарварӣ тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ роҳи минбаъдаи давлат ва низоми идоракунии онро муайян ва зина ба зина раванди рушди давлатдории миллиро таъмин кунанд.
Баъд аз қабули Конститутсия дар мамлакат баҳри таъсиси қонунии фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Пешвои миллат баҳри таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва пояҳои давлатдорӣ зарурати таъсиси ниҳоди нави сиёсӣ, ки манфиатҳои давлат, пеш аз ҳама, таъмини сулҳу субот дар кишвар ва муаррифӣ кардани мамлакат дар арсаи байналмилалӣ маҳаки асосии барномааш бошад, яке аз вазифаҳои муҳим мешуморид.
-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ барои таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа талошҳо кардааст. Мегуфтед, ки кадом омилҳои дигаре боис шудаанд, ки ҳизб дар байни ҷомеа нуфузу маҳбубияти бештареро ба даст орад?
- Соли 1994 дар Тоҷикистон ниҳоди нави сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки қадами устувор дар раванди рушди минбаъаи давлат ба ҳисоб мерафт. Дар шароити кӯтоҳи таърихӣ ҲХДТ бо сарварии Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист рисолати таърихии худро иҷро намояд.
Бо такя ба мардуми Тоҷикистон ҳизб нақшаву барномаҳои муҳимро таҳия ва қабул кард, ки ормонҳои бузурги миллиро инъикос менамуданд. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барҳақ таъкид доштанд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз ин мардум як бунёдкориро мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”.
Ҳангоми суханронӣ дар Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ҳизбро таҳлил намуда, нақшаву ниятҳои минбаъдаи ҳизбро ба таври мушаххас нишон доданд. Аз ҷумла, қайд намуданд, ки “вазифаи стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, рушду таҳкими низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ бо дарназардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон иборатанд. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии пешбинишуда такмили минбаъдаи низоми сиёсии ҷомеа ва дар ин замина таҳким бахшидан ба ваҳдати миллӣ ва оромиву суботи устувори ҷомеа, тартибу низоми ҷамъиятӣ, ҳамаҷониба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зарур аст.”

- Шумо ҳамчун сиёсатшинос ва мутахассиси варзидаи соҳа фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар тӯли ин солҳо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар масири 30 соли фаъолияти худ ҲХДТ ба сифати неруи бузурги сиёсӣ як қатор корҳои муҳимму бунёдиро дар роҳи рушди давлату давлатдорӣ, таъмини суботу амният ва якпорчагии Тоҷикистон ба сомон расонид, ки онро ба таври зайл метавон нишон дод.
 бунёди низоми нави сиёсии ҷомеа ва марҳила ба марҳила таҳкиму такмил додани он, яъне низоми идоракунии сиёсии Тоҷикистон. Бунёди низоми нави сиёсии ҷомеа раванди мураккабро паси сар намуда, меъёрҳои Конститутсия, пеш аз ҳама, қабули Парчами давлатӣ, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, таҷзияи ҳокимият, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои гуногуни ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила амалӣ гардиданд;
 қабули як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ, қонунҳои миллӣ дар асоси Конститутсия, яъне, бунёди низоми ҳуқуқии кишвар, баргузории маъракаҳои муҳимми сиёсӣ - интихоботи президентӣ ва парлумонӣ, ки дар роҳи бедории миллӣ ва иттиҳоду сарҷамъии ҷомеаи кишвар ва ташаккули фарҳанги сиёсӣ нақши муҳим дорад;
 Таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи моликияти давлативу ҷамъиятӣ ва хусусӣ ва дар маҷмуъ, амнияти давлат ва мудофиаи он. Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дигар ҷузъу томҳо баҳри ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон;
 муайян намудани сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо принсипи “дарҳои кушод” ва ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои дуру наздик ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ. Айни замон кишвари мо бо зиёда аз 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, гардиши савдои хориҷӣ босуръат рушд карда истодааст;
 Баланд бардоштани обруву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилаӣ. Пеш аз ҳама, ин қабули ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар масъалаи обу иқлим, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ва ворид гардидани ёдгории таърихиву фарҳангии мо ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО мебошад;
 Ба кишвари воҳид табдил додани Тоҷикистон. Бунёди роҳу нақбҳо, ки минтақаҳои гуногуни кишварро ба ҳам мепайванданд ва низоми ягонаи энергетикии кишвар. Таъмини ин ду ҳадафи стратегӣ барои кишвар хусусияти ҳаётӣ дошта, баҳри бақои давлату миллат аҳаммияти бузурги таърихӣ доранд. Имрӯз дар баробари таъмини рафтуомади доимии шаҳрвандон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба пойтахт, ҳамчунин, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани кишвар имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.
 Имсол бори нахуст корвони мошинҳо аз давлати Покистон тавассути роҳи байналмилалии Қулма-Қароқурум вориди кишвар гардиданд, ки роҳи кӯтоҳтарин барои баромадан ба бандарҳои бузурги баҳрии Карочи ва Гвадар мебошад.
 Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат аз имкониятҳои бузурги транзитии кишвар ёдовар шуда, қайд намуданд, ки “дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин-Тоҷикистон-Афғонистон ва Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо, инчунин, Тоҷикистон-Чин-Покистон истифода хоҳанд шуд.” Баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли энергетикии кишвар, аз 17 млрд. кВт.соати соли 1991 то 21 млрд. кВт. соат дар соли 2021, раванди босуръати корҳои сохтмонӣ дар иншооти аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва бунёди иқтидорҳои нави «Шӯроб» бо иқтидори 1000 мегаватт, «Санобод» бо иқтидори то 500 мегаватт ва «Чарсем» бо иқтидори то 14 мегаватт;
 муайян намудани ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва марҳила ба марҳила амалӣ кардани онҳо. Таъмини рушди иқтисоди миллӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва вазнин ба ҳисоб мерафт, ки аз як тараф, оқибатҳои пошхӯрии давлати шуравӣ ва аз тарафи дигар, хисороти ҷанги шаҳрвандӣ буд. маҳз бо кӯшишу заҳмати шабонарӯзии Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ду даҳсолаи охир иқтисоди миллӣ инкишоф ёфта, сатҳи рушди он ҳамасола 7 фоиз нигоҳ дошта мешавад.
 Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паём ба мақоми қонунгузори кишвар дар соли 2021 рушди иқтисоди миллиро дар бист соли охир таҳлил намуда, қайд карданд, ки “Дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт.”;
 саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди устувори соҳаи саноат ва таъсиси шуғли доимӣ барои аҳолӣ дар кишвар. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 2360 адад расонида шуд. Тоҷикистон, тибқи хулосаи олимону коршиносон, яке аз кишварҳои ояндадор дар соҳаи саноати кӯҳӣ ва соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад;
 коҳиш додаани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар, аз 83%-и соли 1998 то 21,2% дар соли 2023 ва афзоиши аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 10,2 миллион нафар, яъне 2 баробар зиёд гардида, дарозумрии аҳолӣ ба 75,1 сол, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 5 сол зиёд мебошад ва коҳиш додани фавти умумӣ 40. фоиз, Фавти модарон ҳангоми таваллуд 73 фоиз ва фавти кӯдакони то 5-сола 85 фоиз паст гардид;
 таъсис додани муассисаҳои олии муосир баҳри омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи нави бозори меҳнат ва шумораи зиёди муассисаҳои миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ. Мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3430 адад барои қариб 1,5 миллион хонанда сохта ба истифода дода шуданд, ки яке аз мушкилоти асосии кишвар ба ҳисоб мерафт. Соҳаи илму маориф дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта, дар Паёми имсола Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки “рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад;
- Пиёда гаштани нақшаҳо ва барномаҳои ҲХДТ чӣ натиҷаҳоеро ба бор оварданд ва кадом пайомадҳоеро метавон аз онҳо интизор шуд?
- Амалӣ гардидани нақшаву барномаҳои дар боло зикршуда, ки хусусияти бунёдӣ доранд, баҳри рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварданд. Мо як қатор корҳои бузурги ба сомон расонидашударо таҳлил кардем, ки манфиатҳои миллии давлатро ҳифз менамоянд. Муҳтавои нақшаву барномаҳои ҳизб баҳри таҳкиму пояҳои истиқлоли давлатӣ ва муҳайё сохтани зиндагии арзанда барои шаҳрвандон равона гардида, зина ба зина амалӣ шуданд. Аз рӯйи фаъолият ва таҷрибаи сиёсии муосир ҳизбҳо ба ду навъ - оммавӣ ва зеҳнӣ тасниф дода мешаванд.
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон собит менамояд, ки он ҳамчун неруи бузурги сиёсӣ соҳиби обрӯ ва эътибори бузург дар кишвар ва дорои иқтидори бузурги зеҳнӣ баҳри пиёда сохтани ормонҳои миллӣ мебошад.
Бо мақсади татбиқи нақшаву стратегияҳои минбаъда дар марҳилаи нави рушди кишвар аз ҳар як узви ҳизб масъулияти бузурги шаҳрвандӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву хештаншиносиро тақозо карда мешавад. Ба таъкиди Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳар як узви ҳизб бояд моҳият ва аҳаммияти истиқлоли давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ба таври воқеӣ дарк кунад ва баҳри ҳифзу таъмини он аз тамоми зарфиятҳо истифода барад.
Итминони комил дорем, ки то ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иҷрои бандҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мегарданд ва Тоҷикистони азизамон ба кишвари бузурги транзитӣ, тавлидкунандаи бузурги неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, давлати индустриалӣ-аграрӣ ва ба кишвари “сабз” табдил меёбад. Яъне, мақсади ҳизб дар амал татбиқ намудани марому орзуҳои мардуми тоҷик, таҳкими давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст.
Бо кӯшишҳои доимии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин ҳадафи ҳизб -дарёфти сулҳу субот ва оромию осоиштагии ҷомеа ба ваҳдати миллӣ табдил ёфт, татбиқу амалӣ гаштани дигар ғояҳои ҳизб, яъне, рушди иқтисодиёт, расидан ба ваҳдати умумиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри навин эътимоди халқро ба ояндаи ҲХДТ қавитар гардонид.
[right]-Ташаккур барои суҳбат.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: