Ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ-яке аз роҳҳои асосии паст кардани шиддати коррупсия дар ҷомеа26-02-2024, 10:01
Хабарро хонданд: 636 нафар
Назарҳо: 0
Чуноне ки мову Шумо медонем муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварамон маҳсуб ёфта, раванди амалишавии пешгирии ин падидаи номатлуб танҳо дар сурате таъмин карда мешавад, ки дар он иштироки фаъоли тамоми шохаҳои идораи ҳокимият, махсусан ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин карда шавад. Дар Паёми навбатиашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани савияи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон соли 2024-ро соли “Маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд ва дар зимн ин иқдоми Сарвари маҳбуби кишвар бори дигар барои фаҳмонидан, татбиқ ва риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Собит гардидааст, ки аз риоя накардани санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки дар роҳи фаъолият ва зисти шаҳрвандон ҳамчун роҳнамо маҳсуб меёбанд дар аксар маврид ба сар задани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта оварда мерасонад ва мутаассифона ин амал ба одат табдил ёфта, ривоҷи он дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар баъзе ҳолатҳо тарғиб низ карда мешавад. Ин зуҳуроти хавфнок дар ҷомеа чун аз раванди амалишавии санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ оид ба коррупсия бармеояд унсури таҳдидкунанда то ҳатто ба амнияти миллӣ маҳсуб ёфта дар аксари маврид ба рушди соҳаҳои мухталиф халали ҷиддӣ ворид менамояд. Барои ҳамин ҳам коррупсияро ҳамчун ҷиноят дар қатори терроризм ва экстремизм медонанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китобашон “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” қайд кардаанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайри мақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”. Дар ҳақиқат, даст задан ба ин амали номатлуб барои коста гардонидани обрӯйи хидматчии давлатӣ, роҳбари ин ё он соҳа ва умуман ба шахси мансабдор мусоидати куллӣ мерасонад ва дар ин ҳолат таъмини раванди рушд зери суол меравад. Файласуфи англис Френсиз Бекон дар китобаш “Таҷриба” менависад, ки “Хулосаи ришва ин гум намудани боварӣ буда, дар аксари ҳолат бо даст задан ба ин амал қадру қимати инсонҳо фурӯхта мешавад. Ягон дору барои пурра аз байн бурдани бемории ришва мавҷуд нест ва ихтироъ кардан ҳам наметавон. Хулоса дар куҷое, ки маблағи ришва гап мезанад онҷо минбари насиҳат мавҷуд нест.” Дар ҳар сурат мо метавонем, ки бо роҳи таъмини волоияти қонун, баробарии ҳама дар назди қонун, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, поктинатӣ ва шаффофият дар фаъолият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи коррупсия корҳоро ҷоннок намоем. Ҳамзамон яке аз роҳҳои дигари пешгирии ин амали номатлуб равнақ додани ҳамкорӣ дар самти муроҷиати шаҳрвандон оид ба мавҷудияти коррупсия дар ин ё он соҳа ба таври ташкили телефони боварӣ, занги ноаён, ё мактуби беимзо мебошад, аммо раванди амалишавии санҷиш бояд таҳлил карда шавад, то дар онҷо хусусати шахсӣ ё дигар масоил набошад. Дигар аз меъёрҳои муборизабаранда барои паст кардани шиддати ин зуҳуроти махуф ин таъмини озодии баёни шаҳрвандон аст, ки ба таври расмӣ бояд муроҷиат намояд, вале ба истиснои шабакаҳои интернетӣ, ки аксар вақт носанҷида, бе таҳлил метавонад ба обрӯи ин ё он нафар латма ворид созад. Дар кишвари азизамон Тоҷикистон имрӯзҳо дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ 9 субъектҳои бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда дар асоси нишондоди 16 адад санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фаъолият карда истода, бобати пешгирӣ ин амали зишт ва мубориза алайҳи он кӯшиш ба харҷ дода истодаанд ва хушбахтона дар андешаи мардум ин падида ҳамчун амали номатлуб нақш бастааст, яъне дар кишвари азизамон Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии мубориза бо коррупсия муҳайё карда шудааст. Чуноне ки Френсиз Бекон қайд кардааст “Ғалаба болои пурра нест кардани коррупсия ва ҷинояткорӣ намешавад-танҳо метавон онро пешгирӣ ва ё кам намуд. Аммо ба тавассути бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар ҷомеа мо бояд фазои оштинопазирӣ нисбат ба коррупсияро тақвият бахшем. Агар мо муносибати хешро ба кору фаъолият, дар асоси қонун, садоқатмандӣ ва меҳнатдӯстиву адолатпарварӣ ба роҳ монем, шиддати болоравии ин амали номатлуб пешгирӣ карда мешавад. Хулоса, агар барои татбиқ ва риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бештар корҳои фаҳмонидадиҳиро миёни аҳли ҷомеа таъмин намоем, бо ин роҳ мо метавонем маърифати ҳуқуқии сокинонро баланд бардорем ва заминаи иқдомҳои ободкоронаро бештар гузорем. Муҳаммад Ниёззода-муовини Раиси
шаҳри Истиқлол, аъзои фаъоли ҳизб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.