САНОАТИКУНОНӢ - ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ8-05-2024, 10:51
Хабарро хонданд: 2183 нафар
Назарҳо: 0
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 26-уми декабри соли 2019 қайд гардида буд: "Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шаклу моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд". Бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16-уми декабри соли 2020 барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ омадааст: “Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Илм - фурӯғи маърифат” гузаронида шавад”. Барои амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанни табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар олими беҳтарин метавонад соҳиби он гарданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба пешрафти саноатикунонии мамлакат мусоидати ҷиддӣ мекунад. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо сатҳи дониши хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, махсусан аз фанни физика дар сатҳи паст қарор дорад, ки он аз омилҳои зиёде вобаста мебошад. Яке аз сабабҳои паст будани саводи хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дониши пухтаю мукаммал надоштани аксарияти омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба шумор меравад. Барои ислоҳи ин камбудӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои омӯзгорон машғулиятҳои илмию методии сатҳи баланд ташкил намудан ва дар курсҳои такмили ихтисос омӯзиши васеъро ба роҳ мондан лозим аст, то ки омӯзгорон сатҳи дониши худро баланд бардоранд. Барои пурра амалӣ гардондани талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” қисматҳои “Муроҷиатномаи кормандони соҳаи маориф ба фаъолони вилояти Хатлон”-ро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, сармашқи кори худ гардонем, он гоҳ ба комёбиҳои назаррас соҳиб мегардем. Талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” худ аз худ амалӣ намегардад. Бист сол дар назди таърих як фосилаи кӯтоҳест, ки зуд сипарӣ мегардад. Бинобар ин, мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои пурра амалӣ намудани талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тамоми имкониятҳо самарабахш истифода барем ва ҳар як узви ҷомеа бояд дар ин раванд саҳмгузор бошад. Барои пурра иҷро кардани талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати тайёр кардани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ омили асосӣ ва хеле муҳим мебошад. Бо ин мақсад сифати тайёр кардани омӯзгорони ояндаи фанҳои табиатшиносӣ ва риёзиро дар факултетҳои педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, махсусан дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар сатҳи зарурӣ баланд бардоштан лозим аст. Инчунин, доир ба мавзуъҳои душворфаҳми фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар маҷаллаҳои илмӣ, маърифатӣ, таълимӣ ва таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаҳои илмию методӣ нашр намудан ба манфиати кор мебошад. Барои аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишварӣ индустриалию аграрӣ табдил додани ҷумҳуриамон, саноатикунонии босуръати кишварро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми декабри соли 2018 ҳадафи чоруми миллӣ эълон намуданд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари давлатҳо дар ҷаҳони муосир ба мамлакати индустриалӣ - аграрӣ табдил додани кишварашон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд. Имрӯзҳо Тоҷикистон дар ҷодаи саноатикунонии кишвар ба пешравиҳои назаррас соҳиб гардидааст. Ин гуфтаҳоро мавҷуд будани корхонаҳои алюминий, сементбарорӣ, комбинати шоҳибофӣ ва ғайраҳо тасдиқ менамоянд. Кӯшишҳои пайгиронаи Роҳбари давлат дар самти аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ иқдоми олӣ ва ҷасурона мебошад. Омили асосӣ дар ҷараёни саноатикунонии кишвар истиқлолияти энергетикӣ ба шумор меравад. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ соҳиб гашта истодааст. Саноатикунонии кишвар дар пешрафти иқтисодӣ ва тараққиёти он нақши калидӣ дорад. Мутахассисе чунин гуфтааст, ки агар иқтисодиётро ба қатора шабеҳ диҳем, локомотиви (ҳаракатдиҳандаи) он энергетика мебошад, барои он ки локомотив иқтисодиётро пеш барад, дорои чарху бозуи пурқувват бошад, чунин дасту бозуи пурқуввати иқтисодиро танҳо саноат ва махсусан, саноати вазнин сохта метавонад. Имрӯзҳо дар раванди саноатикунони мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар мерасанд. Дар ин бобат фанҳои табиатшиносию дақиқ ва махсусан, фанни физика нақши арзанда дорад. Маҳз бо воситаи фанни физика инсон дар назди ҳодисаҳои фавқулода оҷиз намонда, онҳоро меомӯзад, қонунҳояшро муқаррар менамояд ва ба манфиати худ истифода мебарад. Техникаи муосир ба татбиқи қонунҳои физика асоснок шудааст. Физика аз муҳимтарин риштаи илмҳои табиатшиносӣ ба шумор меравад ва сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳоро маънидод карда, робитаи байни онҳоро муқаррар менамояд. Бинобар ин, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла физика дар сатҳи зарурӣ мувофиқи мақсад аст. Ҳоло аксарияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо асбобҳои замонавии физикӣ таъмин нестанд ва ин ба сифати таълими физика таъсири манфӣ мерасонад. Фанҳои табиатшиносӣ фанҳои таҷрибавӣ ба шумор мераванд ва нагузаронидани таҷрибаҳо аз фанҳои табиатшиносӣ сифати таълими онҳоро паст мегардонад ва боиси коста шудани сатҳи дониши хонандагон мегардад. Барои бартараф кардани ин норасоӣ дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани мағозаи фурӯши асбобу лавозимот ва дастгоҳҳои таҷрибавӣ доир ба таълими фанҳои табиатшиносӣ зарур мебошад. Ҷиҳати амалӣ намудани талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар шабакаҳои телевизионӣ студияи таълимӣ ташкил карда, дар он дарсҳои намунавии омӯзгорону устодони пешқадами ҷумҳурӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва олӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, техникаву технологияи муосир намоиш додан дар ҳалли омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат менамояд. Омили дигаре, ки ба баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносию риёзӣ таъсири назаррас мегузорад, барномаҳои таълимӣ ба шумор мераванд. “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” талаб менамояд, ки сифати мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ такмил дода шуда, ба талаботи замон мувофиқ гардонда шаванд. Имрӯзҳо аз фанни физика барномаи таълимии мукаммале, ки аз таҳлилу муҳокимаи методистони варзида гузашта бошад ва бо тавсияи Шурои миллии таҳсилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуда бошад, мавҷуд нест. Бояд асоси мазмуну мундариҷаи барномаи таълимиро аз фанҳои табиатшиносию риёзӣ муносибати босалоҳият ба таълим ташкил намояд. Дар фанҳои табиатшиносию риёзӣ мавзуъҳои душворфаҳм хеле зиёд мебошад. Барои баланд бардоштани сифати таълими ин фанҳо коркарди методии мавзуъҳои душворфаҳм хеле зарур мебошанд. Аз фанни физика доир ба мавзуъҳои баъзе қисмҳои он тамоман коркарди методӣ гузаронида нашудааст. Хатмкардаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир ба мавзуъҳои физикаи квантӣ (физикаи ядро ва атом) дониши зарурӣ надоранд. Дар таълими мавзуъҳои ин қисми физика омӯзгорон душворӣ мекашанд. Бинобар ин, доир ба мавзуъҳои ин қисми физикаи мактабӣ коркарди методӣ гузаронидан лозим аст, то ки он душвориҳои таълимӣ мавзуъҳои онро барҳам занад. Барои коркарди методии мавзуъҳои душворфаҳми фанни физика методистони таҷрибадору варзида лозим мебошанд. Мутаассифона, дар Тоҷикистон чунин методистони баландпоя ангуштшумор ҳастанд. Бинобар ин, дар ҷумҳурӣ зарурати ташкил намудани мактаби илмӣ -методии тайёр намудани методистони фанҳои табиатшиносию риёзӣ ба миён омадааст. Ҳамин тариқ, барои талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро пурра иҷро кардан, баланд бардоштани сифати тайёр кардани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию риёзӣ омилӣ асосӣ ва хеле муҳим ба шумор меравад. Тараққиёти мамлакатро пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъмин менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки аз ҳама имкониятҳо самарабахш истифода бурда шуда, талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”- ро бо комёбиҳои назаррас ва баланди илмӣ амалӣ созем. Ҳамин тавр, амалигардонии талаботҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар пешрафти мамлакат ва тараққиёти иқтисодиёти он саҳми бориз мегузорад. Пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва хусусан, фанни физика ба пешрафти саноатикунонии мамлакат нақши арзанда мегузорад. Маълум аст, ки пешрафти саноатикунонии мамлакат ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла физика робитаи зич дорад. Муайян кардани робитаи фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла физика бо пешрафти саноатикунонии кишвар тадқиқоти махсусро талаб менамояд. Чунин амал дар Тоҷикистон гузаронида нашудааст. Барои гузаронидани чунин тадқиқоти самарабахшу манфиатовар лоиҳаи илмӣ-тадқиқотиро дар мавзуи “Саноатикунонии мамлакат омили асосии тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод менамоем. Иҷроиши ин лоиҳа ҳам аҳаммияти илмӣ ва аҳаммияти амалии фоидабахш дорад ва иҷроиши он барои ҷумҳурии мо шарт ва зарур мебошад. Масъалаи саноатикунонии кишвар яке аз масъалаҳои муҳимму ҳалталаби замони муосир ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, ба мо зарур аст, ки бо ҳар роҳу усул суръати саноатикунонии кишварро тезонем, то ки пешравии кишварамонро таъмин намоем. Дар лоиҳаи мазкур роҳу усулҳои баланд бардоштани суръати саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Натиҷаҳои бадастомада мавриди истифодаи корхонаҳои саноатии мамлакат қарор дода мешаванд. Мақсади асосии он аз ҳалли масъалаҳои зерин иборат аст: 1.Баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ; 2. Дар сатҳи зарурӣ ташкил намудан ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ, кори мустақилона таҳти роҳбарии устод (КМРУ) ва кори мустақилонаи бакалаврҳо (КМБ) аз фанҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ ва баҳри баланд бардоштани суръати саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона намудани машғулиятҳо; 3.Таълифи дастурҳои таълимию методӣ баҳри баланд бардоштани суръати саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 4.Таълифи дастурҳои методӣ баҳри самарабахш такмил додани методикаи таълими фанҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла фанни физика дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ ва барои баланд бардоштани суръати саноатикунонӣ нигаронидани мазмуни онҳо; 5.Омода намудани устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ барои бо усулҳои пешқадаму самарабахш ба роҳ мондани таълими фанҳои табиатшиносӣ, аз он ҷумла фанни физика дар шароити низоми кредитии таҳсилоти аврупоӣ, бо баэътиборгирии баланд бардоштани суръати саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Олимону устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир ба ҳалли масъалаҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Барои ҳиссагузорӣ ва саноаткунонии мамлакат профессорону омӯзгорони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии профессор Ҳамид Маҷидов лоиҳаи илмӣ-тадқиқотиро дар мавзуи “Саноатикунонии мамлакат омили асосии тараққиёти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия намуда, кори илмӣ-тадқиқотиро иҷро карда истодааст. Саноатикунонии мамлакат яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад ва ҳалли он аз пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз ҷумла фанни физика вобастагии калон дорад. Барои аз кишвари аграрию индустриалӣ ба кишвари индустриалию аграрӣ табдил додани ҷумҳурӣ саноатикунонии босуръати кишварро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми декабри соли 2018 ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд. Тараққиёти мамлакатро пешрафти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъмин менамоянд, бинобар ин, зарур аст, ки аз ҳама имкониятҳо самарабахш истифода бурда, талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”-ро ба комёбиҳои назаррас ва баланди илмӣ амалӣ созем. Дар ҳақиқат омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳаммияти калони илмӣ ва амалӣ дорад. Ҳамаи мамлакатҳои дунё ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мароқи зиёд зоҳир менамоянд, чунки инкишофи ин илмҳо тараққиёти мамлакатро муайян мекунанд. Дар ҳамаи мамлакатҳои тараққикарда илм дар сатҳи зарурӣ инкишоф ёфтааст. Бинобар ин, баланд бардоштани сифати таълими фанҳои табиатшиносӣ ва такмили методикаи таълими онҳо яке аз омилҳои асосӣ дар ҳалли масъалаи саноатикунонии кишвар ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, амалӣ кардани талаботи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар рушди саноатикунонии кишвар нақши арзанда мегузорад. Ҳамид МАҶИДОВ, профессори кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Бахтовар РАҲИМОВ, омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.