Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе22-11-2021, 08:34
Хабарро хонданд: 153 нафар
Назарҳо: 0
19.11.2021 16:08, шаҳри Душанбе 19 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимӣ аз 1 бинои чорошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Баъди бунёди мактаби нав дар ин ҷо 80 нафар бо кор таъмин гардиданд, ки 54 нафарашон омӯзгорони соҳибтахассус мебошанд. Раванди таълим дар муассиса пурра бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, он дорои 48 синфхонаи замонавӣ мебошад. Муассисаи таълимӣ аз синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаи алоҳидаи омӯзиши шоҳмот, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраи равоншиносӣ, як толори калони маҷлисӣ бо 460 ҷойи нишаст ва ошхона барои 280 нафар иборат аст. Барои омӯзиши фанҳои дақиқ дар таълимгоҳ озмоишгоҳҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика, технологияи иттилоотӣ сохта шуда, барои гузаронидани таҷрибаҳои амалӣ дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст. Синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз мебошад. Омӯзгорону хонандагон барои кору таҳсил дар ин муассиса тариқи озмун қабул карда мешаванд. Дар ин мактаб омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ бо усули лингафонӣ роҳандозӣ гардида, тамоми синфхонаҳое, ки барои забономӯзӣ пешбинӣ шудааст, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин мебошад. Толори маҷлисии кушоду барҳавои ин боргоҳи илму маърифат барои баргузории дилхоҳ чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва илмию назариявӣ бисёр мувофиқ аст. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш як толори калони варзишӣ, ки 500 метри мураббаъ масоҳат дорад, бунёд карда шудааст. Толори мазкур барои дар ҳама фасли сол ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол машғул гардидан, мусоид мебошад. Ҳамзамон як толори бозии тенниси рӯймизӣ баҳри тарғиби ин навъи варзиш дар миёни ҷавонон сохта шудааст. Китобхонаи замонавии муассиса дорои беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти дарсӣ ва бадеӣ буда, барои хонандагон ҳамчунин китобхонаи электронӣ ташкил гардидааст, ки ба ин васила онҳо ба адабиёти ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо менамоянд. Дар муассисаи навбунёд барои таълиму тарбияи хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, имкониятҳои таълимӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Ба хотири омӯзиши касбу ҳунар, дар таълимгоҳ синфхонаҳои таълими меҳнат ташкил гардида, ҳамчунин духтарон дар синфхонаҳои алоҳида нозукиҳои касби дӯзандагӣ ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро аз худ мекунанд. Дар доираи солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар муассиса маҳфилҳои математика, физика, биология ва бозии шоҳмот ташкил карда шудааст, ки дар рушди зеҳнии наврасон мусоидати фаъол менамояд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои таълимии муассиса ба омӯзгорон дастур доданд, ки бо истифода аз чунин шароити фароҳамгардида дар тарбияи насли ояндасози миллат тамоми қувваю малакаи касбии худро ба харҷ диҳанд ва аз ҳарвақта дида бештар талош намоянд. Атрофи иншоот ва намои берунаи муассисаи таълимӣ бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфтааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ ва мутахассисони баландихтисоси тоҷик бо санъати баланд бунёд ёфтааст. Бояд гуфт, ки муассисаи таълимии тозабунёд дар заминаи собиқ бинои мактаби рақами 14, ки бо мурури замон корношоям ва таъмирталаб гардида буд, бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудаст. Масоҳати умумии замини иншоот 90 садяк ва масоҳати зери сохтмон 3 ҳазору 186 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мактаб дорои маркази махсуси гармидиҳӣ аст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои омӯзгорону толибилмони ин даргоҳи илму маърифат мебошад. Иншооти нави соҳаи маориф дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ баҳри боз ҳам муосиру замонавӣ намудани имкониятҳои таълим бунёд гардидааст. Бояд ёдовар шуд, ки 9 ноябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шаҳри Душанбе шинос шуда, ба корҳои сохтмонии 7 мактаби нав бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст дар пойтахт оғоз бахшида буданд. Барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълиму тарбия, дар шаҳри Душанбе соли 2021 - ум 9 иншооти соҳаи маориф мавриди истифода қарор гирифт ва соли 2022 - юм боз 22 мактаб бо 2 ҳазору 135 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.