30-СОЛИ ПУРБАРАКАТИ ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР7-05-2024, 10:47
Хабарро хонданд: 272 нафар
Назарҳо: 2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 - сола мешавад. Ин муҳлат дар ҳаёти ҳар як ҳизби сиёсӣ вақти чандон тӯлонӣ нест. Дар таърихи сиёсии ҷаҳон ҳизбҳое ҳастанд, ки садсолаҳо боз фаъолият доранд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро дар давраи сарнавиштсоз шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан талош варзида, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ ва таъмини ояндаи неки кишвар аст. Дар ин замина мушкилиҳои зиёде бошанд ҳам, ба ҳизб муяссар гардид, ки мақсаду ҳадафҳои худро ба мардум фаҳмонида, бо мурури замон боварию эътимоди халқро ба даст орад. Ҳизб дар як муддати нисбатан кӯтоҳ тавонист, ки дар назди тақдири давлати соҳибихтиёри тоҷикон масъулияти комилро ба уҳда гирифта, дар ҳамин мақом аз тарафи аҳли ҷомеа шинохта ва пазируфта шавад. Ин ҳизби воқеан ҳам мардумӣ аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишварамон буда, метавон онро зодаи даврони соҳибистиқлолӣ номид. Ҳадафи ташкили ҳизб, ки дар он неруҳои ақлонии кишвар ба ҳам омадаанд, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал кардани ҳамаи масоили сиёсӣ мебошад. Дар марҳилаи муҳимми таърихӣ масъулияти ҳар як сокини ин сарзамин дар назди Ватан ва таърих ин аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан аст. Таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу оромӣ барқарор гардид, сарҷамъии миллат таъмин карда шуд, ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон таҳким ёфт ва раванди бунёдкории Ватан оғоз гардид. Обрӯву нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналхалқӣ боло рафта, ҳамкориҳои мо бо кишварҳои хориҷи дуру наздик тавсеа пайдо карданд ва робитаҳои мутақобилан судманд бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявӣ густариш ёфтанд. Ҳоло мо метавонем бо қаноатмандӣ изҳор намоем, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақсад ва вазифаҳои барои солҳои наздик дар наздаш гузоштаро иҷро кард ва давлати мо ба марҳилаи нави созандагӣ ва бунёдкорӣ ворид гардид. Акнун давраи ҳалли вазифаҳои бузург ва таърихии нав фаро расидааст, ки ин марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ дар давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад. Марҳилаи нав аз ҳар як узви ҳизб, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти гуногун ва аз ҳамаи шаҳрвандони мамлакат тақозо менамояд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта эътибори ҷиддӣ диҳанд. Самти муҳимму муассири кори ҳизбӣ, фаъолони ҳизб ва умуман, ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ аз он иборат аст, ки бояд дастовардҳои солҳои охири мамлакатро ба оммаи васеи мардум фаҳмонида тавонанд, сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам дар байни мардум таблиғу ташвиқ намоянд, ба ҳама ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолими мухолифони сиёсӣ сари вақт баҳои воқеӣ ва ҷавоби муносиб диҳанд. Ҷалб намудани хоҳишмандон ба сафи ҳизб кори ҳаррӯзаи ташкилотҳои ибтидоӣ ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб буда, бояд фаъолият дар ин самт беҳтар ба роҳ монда шуда, ба сафи ҳизб ҷалб намудани шахсони сазовор ва махсусан ҷавонон, ки онҳо ояндасози ҷомеа мебошанд, хеле зарур аст. Дар марҳилаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ истифодаи самараноки неруи созандаи занон яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва болоравии сатҳи худшиносиву худогоҳии мардум мебошад. Бинобар ин, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намудан ба ҳалли масоили занон яке аз ҳадафҳои асосии Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизби мо маҳсуб меёбад. Ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути вакилони халқ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тибқи Оинномаи ҳизб амалӣ гардида, фраксияи ҳизбӣ низ фаъолият карда истодааст. Аъзои фраксияи ҳизбӣ ҷиҳати баланд бардоштани низоми идораи давлатӣ, таҳким бахшидани самаранокии соҳаи хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва баланд бардоштани тамоми шохаҳои ҳокимият фаъолияти хешро пеш мебаранд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав дар сохтори худ 47 ташкилотҳои ибтидоӣ ва 2858 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид кардааст. Бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бинои замонавии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, ки дорои ҳамаи шароити корӣ мебошад, сохта ба истифода дода шуд. Ноҳияи Носири Хусрав асосан ноҳияи кишоварзӣ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳон бисёр нигаронкунанда ва пешгӯинашаванда аст. Бо дарназардошти чунин вазъият татбиқи сиёсати амнияти озуқавории кишвар ҳадафи асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ба миён гузошта шудани масъалаҳои истифодаи оқилона ва самарабахши заминҳои корам, пеш аз ҳама, заминҳои обӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, вусъати кишти тирамоҳӣ, рушди боғу токпарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз омилҳое мебошанд, ки дар самти таъмини озуқаворӣ нақши калидӣ мебозанд. Воқеан ҳам, 30 сол дар назди таърих муддати начандон тӯлонист, вале Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ин давра тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкоронаи хеш ба мардум муаррифӣ намояд. Бояд зикр намуд, ки марому мақсади аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъмини ҳаёти хушу босаодати ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Шаҳло САИДМУРОДОВА, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.