Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд

Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд

2-05-2024, 11:28
Хабарро хонданд: 101 нафар
Назарҳо: 0
Дар Қазоқистон беш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар обхезиҳо дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонандБеш аз 6,5 ҳазор нафар бинобар вазъи обхезиҳо дар Қазоқистон дар нуқтаҳои бехавф боқӣ мемонанд. Дар ин хусус зимни брифинг намояндаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон Аскар Шарип хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

«Дар ҷумҳурӣ аз 7 089 хонаи истиқоматии хусусӣ ва 2 834 ҳавлӣ об бартараф карда шудааст. 39 352 нафар ба манзилҳои худ баргашта, дар нуқтаҳои бехавф 6552 нафар боқӣ мондаанд», — иброз намуд ӯ.

Хадамоти ҳифзи шаҳрвандӣ, ихтиёриён ва созмонҳои ҷалбшуда корҳои бартарафсозии обхезӣ ва расонидани кумак ба аҳолиро дар вилоятҳои Атирау, Актюбинск, Қазоқистони Ғарбӣ ва Қазоқистони Шимолӣ идома медиҳанд. Дар вилояти Атирау қад-қади 41 нуқтаи аҳолинишин иншооти муҳофизатӣ сохта шуданд. Дар давраи обхезӣ дар ин минтақа ба андозаи зиёда аз 500 километр иншооти муҳофизатӣ сохта шуд. Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода сатҳи оби дарёи Жайик (Урал)-ро ҳар соат назорат мекунанд.

Дар маҷмуъ ба корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ ва рафъи обхезӣ беш аз 17 ҳазор нафар, 2 ҳазор техника ва 7 ҳавопаймо ҷалб шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: