Омодагии қисмати марказии Қазоқистон ба обхезиҳо1-03-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Дар ноҳияи Бухар-Ҷираи вилояти Қарганда, ки соли гузашта аз обхезиҳо сахт зарар дида буд, ба обхезии эҳтимолӣ омодагӣ мегиранд.
Мақомот ба аҳолӣ машварат медиҳад, ки барои худ таҷҳизоти шиноварӣ низ захира кунанд. Соли гузашта дар натиҷаи обхезӣ дар ин минтақа садҳо ҳавлӣ вайрон шуда, ҳатто ҳолатҳои фавти мардум мушоҳида шуда буд. Бештаре аз сокинони деҳотӣ умедворанд, ки ин даъфа манзили ба ҷойи ҳавлии соли гузашта вайрон шудаашон сохта шуд, сахт осеб намебинад. Зеро пойдевори онҳо баланд аст ва бинои ҳавлӣ аз қисмҳо сохта шудааст. Пештар бештаре аз ҳавлии деҳотиён похсагӣ буданд. Тибқи иттилои расмӣ, вазъи хатарноки обхезӣ дар вилояти Қарганда метавонад бештар дар ноҳияҳои Бухар-Ҷира, Осақар, Абай, Нурин, Шет ва Қарқалин ба вуҷуд ояд. Дар ин ноҳияҳо оби барфи обшуда метавонад мизони оби рӯдхонаҳоро аз 15 сантиметр то се метр боло барад ва дар поёнобҳо рӯдхонаҳо имкон дорад то се километр паҳн шаванд. Имкон дорад 63 нуқтаи аҳолинишин бо 15 ҳазор сокин пурра ва ё қисман зери об монад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.