ҲАЁТИ ҲИЗБ24-04-2024, 15:43
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
“ПОЙТАХТИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТ” Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши идонаи ҳизбиён ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва ҷашни 30–солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо иштироки аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолон аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо шаҳри Душанбе дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдому ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сифати яке аз шаҳрҳои рӯ ба инкишоф дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардида, мавқеъ ва нуфузашро рӯз то рӯз боризтару густурдатар намуда истодааст. Далели ин гуфтаҳо ободу зебо гардидани кӯчаву хиёбонҳо, роҳраву гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, қомат афрохтани биноҳои боҳашамати замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ, шифохонаю беморхонаҳо, истгоҳҳои муосир, корхонаҳои бузурги саноатӣ, азнавсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ, сохтмони роҳҳои нақлиётии сеқабата ва ба танзим даромадани нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад. Сипас, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Маҳмудов, мудири шуъбаи назорати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Руҳафзо Нурова, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким вобаста ба таъриху фарҳанги шаҳрдориву шаҳрнишинӣ, рушду пешрафти шаҳри Душанбе дар ҳама бахшу соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сайёҳӣ суханронӣ карданд. Зикр гардид, ки халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор гирифта буд. Суннатҳои шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусияти миллӣ ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқӣ мондаанд. Душанбе, барҳақ, меросдори онҳост. Сокини пойтахт будан боиси ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амалӣ намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУН ВА МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва таҷлили 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе» ҷамъбасти озмунҳои “Иншои беҳтарин”, “Расми беҳтарин” ва мусобиқаи шоҳмоту шашка доир гардид. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ҷӯрабек Муродов иштирокдорони ҳамоишро бо ин рӯзи муборак шодбош гуфта, қайд намуд, ки баргузории чорабиниҳо дар арафаи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек аст. Ӯ дар идома қайд намуд, ки Душанбе имрӯз шаҳри имкониятҳои васеъ, ғояҳои ғайриодӣ, ташаббусҳои созанда ва орзуҳои далеронаест, ки ҳар кадоми онҳо амалӣ мешаванд. Ин минбари бунёди воқеиятҳои нав ба нав аст. Маҳз арзишҳои ахлоқие, ки ҷомеаи гуногунфарҳанги мо ба он асос ёфтааст, мақоми баланди пойтахти моро дар арсаи байналмилалӣ таъмин намуда, Душанберо ҳамчун шаҳри муосир, зебо ва беназир муаррифӣ мекунад. Дар ин замина иброз гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешоҳанг ва ташаббускор барои ҷавонон баҳри сайқал додани саводу маърифати хеш, инчунин, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудан, ҳамзамон, оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва бо ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба чунин озмуну мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Баргузории чунин озмуну мусобиқаҳои варзишӣ миёни ҷавонон бисёр ҳам иқдоми муҳим ва саривақтӣ аст ва ҷалби бештари насли ҷавон ба варзиш метавонад яке аз омилҳои пешгирӣ аз гаравиши онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва экстремистию террористӣ гардад. Дар анҷом ба ғолибон сипоснома ва туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе супорида шуданд. МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 23-юми апрел дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои оянда баргузор гардид. Дар маҷлиси Раёсат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисону сармуҳосибони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ва мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ иштирок доштанд. Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ду масъала: ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2024, нақшаҳо барои минбаъда ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ибтидо раиси Кумитаи вилоятии ҳизб Ҷамшед Саидзода маҷлиси Раёсатро ифтитоҳ карда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳамагон шинос намуд. Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Наврӯз Ҳусейнзода зимни муҳокимаронӣ аз ҷумла қайд кард, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли равон як қатор корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ таҷлил намудани 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Зикр гардид, ки ҳаракати аъзои ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоӣ тибқи Оинномаи ҲХДТ ва Роҳнамо барои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сурат гирифта, дар давраи ҳисоботӣ дар асоси андешидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят ба 196 ҳазору 34 нафарро расидааст. Мувофиқи банди 4.1 Оинномаи ҲХДТ асоси ҳизбро ташкилотии ибтидоӣ ташкил медиҳад. Дар асоси маълумоти оморӣ дар вилоят 22 ҳазору 847 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият дошта, дар амалисозии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми муҳим доранд. Ёдовар бояд шуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияии ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он дар семоҳаи якуми соли 2024 дар таносуб ба ҳамин давраи соли гузашта барзиёд иҷрошуда арзёбӣ мегардад. Сипас, Ҷамшед Саидзода вобаста ба Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, қабули аъзо ба сафи ҳизб, афзоиши шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз ҳисоби корхонаҳои навтаъсис, пардохти саривақтии ҳаққи узвият, интишори мавод дар сомонаҳои ҳизбӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳоди андешаву вокунишҳо ба маводҳои муғризонаи хоинони миллат, тақвият бахшидани ташаббусҳои ҳизбӣ дар доираи аксияҳои ҳизбӣ таҳти унвонҳои “Якҷоя месозем!” ва “ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор!”, пешниҳоди мақолаҳои таҳлилӣ ба нашрияи марказии ҲХДТ- “Минбари халқ”, сафарбаркунии шаҳрвандон барои кор ба Неругоҳи барқи обии “Роғун”, вусъат бахшидани чорабиниҳои гуногуни ҳизбӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ тибқи “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ”, истифодаи самараноки замин, дастрасии сокинон ба Муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар суханронӣ карда, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар болозикршуда вазифадор намуд. Дар идомаи маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Садриддин Ширинбекзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки агар ба таърихи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон назар андӯзем, эътимод пайдо мекунем, ки ин ташкилоти бонуфузи сиёсӣ аз андешаи марди худогоҳу хештаншинос, фарзанди барӯманди халқи тоҷик, Пешвои миллат сарчашма мегирад. Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолии кишвар зарур шумориданд, ки чунин ташкилоти сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъолият дошта бошад, то барои мардум хизмат намояд ва таъсиси ин ҳизби сиёсиро пешниҳод карданд. Хушбахтона, имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи 30-солагии таъсисёбии ин ҳизби пешбарандаи ҷомеа қарор доранд. Лозим ба зикр аст, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ муҳим арзёбӣ гардида, таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” фаъолият менамояд. Аз ин рӯ, мо, ҳизбиёнро зарур аст, ки дар татбиқи ғояҳои барномавии ҳизб, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон қадамҳои устувор гузошта, ин санаи муҳимми таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирем. Баъд аз баррасии масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Чун анъана ҳар семоҳа тибқи Рейтинги ҳизбӣ кумитаҳои иҷроияи ҳизбии фаъол қадрдонӣ карда мешаванд. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҷойи сеюм насиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, ҷойи дуюм Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ва ҷойи якум бо “Ҷоми сайёр” насиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дониста шуд. “НЕСТ БОД ИФРОТГАРОӢ!” Чунин ном дошт мизи мудавваре, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом дар ташкилоти ибтидоии ба номи Ҳоҷӣ Алиеви Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом» доир гардид. Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова, сархатиби масҷиди марказии шаҳр Аббосхон Аброров, муовини директори муассисаи мазкур Олимҷон Султонов иштирок ва суханронӣ намуда, зимни музокира бори дигар омилҳои пешгирии равандҳои ифротиро таъкид доштанд ва ҷавононро ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ даъват намуданд. Сархатиби масҷиди марказӣ бо далелҳои ҳаётӣ ҷавононро ҳушдор дод, ки мутаассифона, ифротиён бо ниқоби ислом даъват ба амалҳои ғаразнок менамоянд, ки ҳаргиз набояд фирефтаи онон шуд. Пас аз тамошои навори тарбиявии "Бетараф набошем!" омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ андешаҳои хешро баён доштанд. Ҳамзамон, дар ҳамоиш аз суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, ки санаи 9-уми марти соли ҷорӣ доир гардид, ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки мулоқоти Пешвои миллат вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз бобати ҷилавгирӣ аз бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, сиёсати духӯраи кишварҳои абарқудрат нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ шудаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо иқдоми муҳимму саривақтӣ маҳсуб меёбад. Дар ин радиф, таҷрибаомӯзони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом, хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ барои тақвияти андешаҳои ҷавонон бо чанд далел мафҳумҳои равандҳои тундгароёнаро шарҳ доданд. Дар анҷоми ҳамоиш ба омӯзгорони фаъоли муассиса, ки барои шомилшавӣ ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуд. ЭЪЛОНИ МАҲФИЛ - ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОНИ МАН!” ВА “ШОҲНОМА ВАТАН АСТ!” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳамкорӣ бо намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор ба муносибати таҷлили сазовори “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфил-озмуни “Тоҷикистони ман!” ва “Шоҳнома Ватан аст!”-ро роҳандозӣ мекунад, ки ҷаласаи якуми маҳфил -озмунҳои мазкур гузаронида шуда, Низомнома ва ангораи маҳфилҳои мазкур тасдиқ шуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот зикр намуд, бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ таҷлил намудани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор маҳфил - озмунҳои мазкур гузаронида мешаванд. Дар идома Изатуллои Ҳабибзод изҳор дошт, ки ҳадафи маҳфил-озмунҳо амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастии ҷавонон, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон баҳри андӯхтани илму дониш, ҳифзи ҳувияти миллӣ, арзишҳои волои миллати куҳанбунёди тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ, таблиғи дастовардҳои миллӣ, мустаҳкам кардани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофотпарастӣ ва парвариши инсони комил, тарбия кардани ҷавонон дар руҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар дар давраи ихтилофҳои сиёсӣ дар замони муосир, анъанаҳои миллӣ дар заминаи таъриху осори гузаштагон ва пешгирии таҷоҳуми афкори ифротгароӣ дар байни ҷавонон маҳсуб меёбад. Зикр шуд, ки дар маҳфил-озмун донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо ва хонандагони синфҳои 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор иштирок карда метавонанд ва ба ҳар як иштирокчӣ барои муаррифии худ ва ғазалҳои азбарнамудааш вақти озод дода мешавад. Ҳар як иштирокчии маҳфил-озмун бояд 10 шеър дар мавзуъҳои Тоҷикистон, Ватан, Истиқлол, Ваҳдат, Пешвои миллат, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва амсоли инро донад. Гуфта шуд, ки маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи ифоданок хондани шеър ва ҷавоб додан ба саволҳои пешниҳодшуда муайян карда мешавад ва ҳайати ҳакамон метавонанд барои беҳтару хубтар муайян намудани дониши довталаб саволҳои иловагӣ пешниҳод намоянд. Даври якуми маҳфил-озмунҳо дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, ғолибон барои иштирок ба даври шаҳрӣ пешниҳод мегарданд. Аз ҷониби Кумитаи тадорукот дар навбати худ ба ғолибони маҳфил-озмунҳо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда мешавад. ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИ ХОЛӢ Дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади ҷалби сокинони касбу кори гуногун барои кор ба НБО “Роғун” аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан дар ҳамбастагӣ бо раёсати Агентии давлатии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар ярмаркаи мазкур сокинон бо рӯйхати ҷойҳои кори холӣ дар ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла дар НБО “Роғун” ва шароити корӣ шинос карда шуданд. Ҳамзамон, якчанд нафар барои кор ба НБО “Роғун” номнавис шуданд. ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА ҚАНОАТБАХШ АСТ Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон доир гардид. Дар маҷлиси Раёсат аз рӯйи масъалаи аввали рӯзномаи он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа Ансор Алибеков суханронӣ карда, оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳисобот дод. Музокирчиён ва дигар аъзои Раёсат фаъолияти семоҳаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро қаноатбахш ҳисобиданд. Фармоишҳои раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб оид ба баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ ва фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа вобаста ба амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ, озод ва таъин намудан ба вазифа, сафари хизматӣ, фурӯш ва харидорӣ намудани нақлиёти хизматӣ ва ҷудо кардани маблағ барои аёдати оилаҳои камбизоат дар рӯзҳои ҷашнӣ тасдиқ шуданд. Ҳамчунин, оид ба вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Роштқалъа супоришҳои қатъӣ дода шуда, барои бо сифати баланд сохта ва ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо дирексияи сохтмонӣ машварат анҷом дода шуд. ҲИМОЯИ ВАТАН - РИСОЛАТИ МОСТ! Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо мақсади татбиқи амалии Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, тақвият бахшидани корҳои оммавӣ-мудофиавӣ, баргузории корҳои ҳарбӣ - ватанпарастӣ байни ҷавонону наврасон ва дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан тарбия намудани онҳо, тарғиби зарурати хизмати ҳарбӣ, ойини ватандорӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷавонон баҳри ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, якпорчагии мамлакат, марзу буми кишвар, ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои варзиши ҳарбӣ ва афзудани мақом ва нақши омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» даври шаҳрии озмуни вилоятии «Беҳтарин омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ»-ро дар доираи баргузории машқҳои ҳарбӣ-саҳроӣ таҳти унвони «Ҳимояи Ватан - рисолати мост» роҳандозӣ кард. Озмуни мазкур дар шаҳр ду давраро дарбар гирифт. Даври аввал минтақавӣ буда, дар 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳр баргузор гардида, аз ҳар як ҷамоат як дастаи беҳтарин ба даври дуюми шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Санаи 20-уми апрели соли ҷорӣ даври дуюми озмун байни 7 дастаи шаҳрӣ дар варзишгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 71 гузаронида шуда, ғолибон муайян гардиданд. Иштирокчиён аз намуди шартҳои омодагии сафороӣ, ба қисмҳои нопурра ҷудо намудан ва ҷо ба ҷо кардани қисмҳои автомати Калашников, ба тирдони автомати Калашников ҷой кардан ва холӣ кардани тир, бардоштани бадан дар турник, ҳаво додани норинҷак ба дарозӣ, давидан ба масофаи 100 метр, тирпарронӣ аз яроқи пневматикӣ қувваозмоӣ намуданд. Дар охир аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ғолибон ба дипломҳои дараҷаи I, II, III ва ҳамзамон, иштирокчиёни беҳтарин бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроия ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ Гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Суди вилояти Хатлон, Прокуратура, Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилоят, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварда, дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳвари Паёми Пешвои миллат” бо фаъолон ва сокинон силсилаи вохӯриҳо баргузор карданд. Дар вохӯриҳо муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, имомхатибони ноҳия низ иштирок доштанд. Муовини раиси ноҳия Машҳура Азимзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ соли 2024-ро дар мамлакат “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намуданд, ки ин иқдоми нек барои ҳар як шаҳрванд ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои хеш мусоидати ҷиддӣ менамояд. Таъкид гардид, ки маърифати ҳуқуқӣ асоси ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Барои ташаккул ва фаъолияти озоди ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсия имрӯз дар кишвар тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, эътирофи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар шахс ҷузъи таркибии сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад. Дар идома ҳайати гурӯҳи корӣ доир ба самти фаъолияташон, аз ҷумла оид ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, меъёрҳои Конститутсия ва талаботи қонунҳои амалкунандаи давлат, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди хештаншиносӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ тибқи “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ”, истифодаи оқилонаи замин, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ андешаронӣ карданд. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “Хона ба хона” оғоз карданд. Дар гурӯҳи корӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи кор бо занон ва оила ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, ходимони дин, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб шомил буда, доир ба мавзуъҳои ободу зебо гардонидани манзили зист, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, тарзи ҳаёти солим, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Артиши миллӣ тибқи “Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ”, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, обу замин, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷилавгирӣ аз зуҳуроти номатлуб, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти фарзандон ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ суханронӣ карданд. Гуфта шуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик бояд шукргузор аз фазои сулҳу ороми кишвар бошанд ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани сарзамини аҷдодӣ ва расидан ба зиндагии босаодат бештар заҳмат кашида, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоянд. РОҲҲО САНГФАРШ МЕШАВАНД Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагию ободонӣ аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод бомаром идома доранд. Ин иқдом дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя месозем!" бо мақсади ҳиссагузорӣ дар пешрафту ободии диёр аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии “Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон” роҳандозӣ гардида, роҳи деҳаи Навобод сангфарш карда шуд. Бояд зикр намуд, ки бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ сол то сол рушд ёфта, ноҳияи Муъминобод низ чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гашт ва саҳми сокинон, аз ҷумла фаъолони ҳизб дар ин пешравиҳо хеле чашмрас арзёбӣ мегардад. Таҳияи А.Ҷӯраев |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.