Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд

Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд

23-04-2024, 17:19
Хабарро хонданд: 442 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шудИмрӯз дар Бангкок дар чаҳорчӯби иҷлосияи 80-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ /СПЕКА/ баргузор гардид, ки онро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлидин Нуриддинзода роҳбарӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа иҷрои қарорҳои Декларатсияи СПЕКА (24 ноябри соли 2023, Боку), масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланди СПЕКА дар Душанбе, таъсиси Фонди боварии СПЕКА, иқтисоди «сабз», содагардонии расмиёти савдо ва рафъи монеаҳои ғайритарифӣ дар савдо баррасӣ шуда, аз натиҷаи он Изҳороти муштараки вазирони СПЕКА қабул гардид.

Ҷаласаҳои вазирони СПЕКА ҳамасола таҳти роҳбарии давлати раисикунанда доир мегарданд. Тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати СПЕКА-ро дар соли 2024 ба уҳда гирифтааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: