Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошад

Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошад

27-11-2023, 09:56
Хабарро хонданд: 301 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон ҷонибдори ғояи таъсис додани Котиботи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ мебошадТоҷикистон ҷонибдори таъсис додани Котиботи СПЕКА мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) изҳор намуданд.

«Мо бар онем, ки фаъолияти мақоми нави доимӣ бояд тибқи авлавиятҳои рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ сурат гирад, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Омодаем, ки пешниҳодҳоро оид ба шакл ва макони ҷйгиршавии Котибот ба таври созанда баррасӣ намоем».

Пешвои миллат иброз намуданд, ки вақти он расидааст дар доираи Барнома лоиҳаҳои муштараки воқеан амалкунанда ба татбиқ расонида шаванд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ғояи таъсис додани Бунёди мақсадноки СПЕКА-ро ба ҳадафи сафарбар намудан ва ҷалби захираҳои молиявии кишварҳои иштирокчӣ ва созмонҳои донорӣ барои татбиқи лоиҳаҳо дар давлатҳои иштирокчии Барнома дастгирӣ менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: