Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода мешавад

Дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода мешавад

8-04-2024, 13:44
Хабарро хонданд: 185 нафар
Назарҳо: 0
Дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода мешавадИнтизор меравад, ки дар оянда байни Душанбе ва Сеул роҳи ҳавоӣ кушода шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр».

Масъалаи кушодани хатсайри мустақим дар масири Душанбе-Сеул-Душанбе дар мулоқоти роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донг Сок ва муовини роҳбари ҳайати Сафорат Ким Ҷуншик дар Душанбе баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим, бешубҳа равобити ду давлатро дар соҳаҳои гуногун таҳким мебахшад. Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев изҳор дошт, ки «мо ҳамчун интиқолдиҳандаи ҳавоии Тоҷикистон омодаем барои кушодани ин хатсайр тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳем». Зимнан гуфта шуд, ки ҷонибҳо омода мебошанд механизмҳои гуногуни ба роҳ мондани парвозҳоро байни Душанбе ва Сеул баррасӣ намоянд.

Ҳоло ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Узбекистон муваффақона анҷом медиҳад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: