Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

14-03-2024, 10:36
Хабарро хонданд: 696 нафар
Назарҳо: 0
                         РОҲҲО ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО
Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданд.
Бо мақсади раҳоӣ намудани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодиву молиявӣ тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 58 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, бунёди инфрасохтори онҳо ва таҳким бахшидани иқтидори техникии соҳа ба маблағи 26,6 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
Дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷдиди роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявиро лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд.
Роҳҳои Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон (235 километр), аз Варшез то гузаргоҳи Кулма-Қарасу (300 километр), Бохтар- Ҷалолиддини Балхӣ - Қубодиён - Шаҳритус - Айвоҷ - сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон (170 километр), Хуҷанд - Конибодом (57 километр), Хуҷанд - Ашт (122 километр) ва Балҷувон - Сари Хосор (58 километр) аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.
Дастовардҳои мамлакат дар тӯли солҳои охир ҳар яки моро бар он даъват менамояд, ки ба қадри пешравиҳои кишварамон расему ифтихор аз чунин як Ватани ободу осуда намоем ва доимо зери ҳидоятҳои Сарвари давлат ба сӯйи ободиву пешрафт устуворона қадам гузорем.
Агар имрӯз танҳо ба пешравиҳои Бадахшон назар андӯзем, он дар тӯли солҳои охир, воқеан ҳам, бесобиқа аст.
Яке аз пешравиҳои чашмраси вилоят ин таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Душанбе-Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон мебошад.
Зиёда аз як сол аст, ки дар қаламрави вилоят таҷдиду барқарорсозии роҳи мошингарди Қалъаихумб - Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон (93 километр) бо сохтмони ду нақб бо дарозии 5,2 километр ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ, сохтмони ду пул бо дарозии 283 метр аз болои дарёҳои Ғунд ва Шоҳдара, 4,5 километр роҳ ва долонҳои зидди тарма (550 метр) ба маблағи 342 миллион сомонӣ идома дорад.
Агар солҳои қабл аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то шаҳри Душанбе дар муддати се шабонарӯз мерасидем, имрӯз метавонем бидуни ягон мушкилот дар як рӯз ба пойтахт расем.
Албатта, ҳамаи ин пешрафту ободиҳо ба шарофати сулҳу субот, истиқлоли комили сартосарӣ, сиёсати созанда ва дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон мегардад. Айни замон Бадахшон дар ҳоли рушд аст ва пешравиҳо дар он зиёд ба чашм мерасад.
Ҳамаи ин ободиву пешрафт моро водор месозад, ки бори дигар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гашта, дар сарҷамъиву муттаҳидӣ баҳри рушду тараққиёти рӯзафзуни кишварамон садоқатмандона кору фаъолият намоем.

Ҷумъагул ХУРОСОНИЕВА,
муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Ишкошим
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: