Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати кӯҳсор буда, 93 фисади ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд ва дар муносибатҳои сиёсии ҷаҳон мавқеи муҳим дошта, бо давлати бузурги Чин ва Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад.Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи бунёди роҳҳо, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар эълон карданд. Лозим ба ёдоварист, ки дар замони Шуравӣ минтақаҳои ҷумҳурӣ махсусан вилоятҳои Суғду Бадахшон бо пойтахт танҳо роҳи мавсимӣ доштанд ва мардум дар фасли зимистон тавассути давлатҳои ҳамсоя, Ӯзбекистону Қирғизистон ба шаҳри Душанбе рафтуомад доштанд.
Баъд аз пош хӯрдани давлати Шуравӣ муносибатҳои сиёсии ҷаҳон тағйир ёфт. Бахусус, давлатҳое, ки истиқлолият ба даст оварданд, муносибатҳо ва ҳадафҳои сиёсии худро муайяну мушаххас намуданд. Дар ин раванд кишвари мо Тоҷикистон аз зумраи давлатҳое буд, ки аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ мебоист бо бунёди роҳҳои дохилӣ на танҳо аҳолиро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо созад, балки бо сохтани роҳҳои байналмилалӣ муносибатҳои иқтисодии худро бо ҳамсоякишварҳо шурӯъ намояд.
Дар шароити нави муносибатҳои байналмилалӣ ҷумҳурии мо имконияти бузурги транзитӣ дошта, дар қаламрави он долонҳои байналмилалӣ мавҷуд мебошад. Ҳамин аст, ки дар замони се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта бунёд гардиданд ва дар ин самт кор дар қитъаҳои алоҳида босуръат идома дорад.
Яке аз қадамҳои нахустин дар самти роҳсозии кишвар бунёди роҳи оҳани Бохтар-Кӯлоб ва роҳи автомобилгарди қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма мебошанд, ки барои ҷумҳурӣ аҳамияти бузурги стратегӣ ва ҳаётан муҳим доранд.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар қариб аксарияти роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан аз нав лоиҳакашӣ ва таҷдид гардиданд. Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021, ки ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омад, Роҳбари давлат нишондиҳандаҳои самти мазкурро ба таври муфассал таҳлил намуда, қайд намуданд, ки: “Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дорад, ки барои ба кишвари дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад. Соли 2021 лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Обигарм-Нуробод, Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт, Данғара-Левакант-Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб-Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Кулма, Қизилқалъа-Бохтари шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, Бекобод-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, таҷдиди роҳи мошингард ва бунёди долонҳои зиддитарма дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон шуруъ шуданд. Дар панҷ соли оянда, яъне солҳои 2022-2026 боз сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Гулистон-Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ-Қубодиён-Шаҳритус, Данғара-Гулистон-Кӯлоб, Рӯшон-Хоруғ-Кулма, Хуҷанд-Конибодом ва Хуҷанд-Ашт оғоз мегардад. Дар давоми солҳои 2022-2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зиддитарма бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд.”
То ба имрӯз дар мамлакат як қатор лоиҳаҳои бузург ба анҷом расонида шуданд, ки онҳоро метавон ба таври зерин нишон дод:
- роҳи байналмилалии Душанбе-Бӯстон-Чаноқ - сарҳади Узбекистон, бо сохтани ду нақб Истиқлол ва Шаҳристон, ки имконияти рафтуомади шаҳрвандонро ба таври доимӣ ба вилояти Суғд фароҳам овард;
- роҳи байналмилалии Душанбе-Айнӣ-Панҷакент - сарҳади Ӯзбекистон;
- роҳи байналмилалии Душанбе-Бохтар-Панҷи поён сарҳади Афғонистон;
- роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма сарҳади Чин сохта ба истифода додани қитъаҳои Душанбе-Данғара бо ду нақб – “Хатлон” ва “Озодӣ”, Кӯлоб-Калъаихумб як нақб “Дарвоз”, оғози корҳои сохтмони дар қитъаи Қалъаихумб-сарҳади Рӯшон ва корҳои лоиҳакаши дар қитъаи Рӯшон - деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон;
- Душанбе-Лахш - сарҳади Қирғизистон идомаи корҳои сохтмони дар қитъаи Обигарм-Нуробод;
- 6 пул аз болои дарёи Панҷ, ки кишвари моро бо Афғонистон мепайвандад, сохта ва мавриди истифодабарӣ қарор доданд;
- бунёди роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Кӯлоб, қитъаи Ваҳдат-Ёвон бо нақб.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо сохта ва ба истифода додани қитъаҳои мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил меёбад. Дар баробари ин, як қатор роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Бояд тазаккур дод, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин давра дар вилоят дар баробари рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, сохтмони биноҳои бисёрошёна, сохта ба истифода додани роҳҳои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта ба амал омад, ки ба беҳтар гаштани ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мардум мусоидат намуд.
Тавре дар боло зикр намудем, роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ марҳила ба марҳила аз нав таҷдид гардид. Қитъаи Шоҳон-Зиғар дар ноҳияи Дарвоз, ки мавзеи вазнинтарини он бо номи Девдара маълум буд, ба Гулдара табдил дода шуд, ки имконияти рафтуомади сокинони вилоятро бо пойтахти мамлакат дар тамоми фасли сол таъмин намуд.
Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Қалъаихумб - сарҳади Рӯшон бомаром идома дорад. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кутоҳ мегардад ва дар маҷмуъ 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳаи наздики 2,5 миллиард сомониро дарбар мегирад ва дар асоси лоиҳа ин масир корҳои тахту ҳамвор ва васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди 5 адад долон бо дарозии 601 метр, ду нақб ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст. Корҳои лоиҳакашӣ дар қитъаи Рушон-Вашези ноҳияи Шуғнон оғоз гардида, бо анҷоми лоиҳакашии корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ оғоз меёбанд. Тибқи нақша, то соли 2026 роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма пурра азнавсозӣ мегардад.
Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба мақоми қонунбарори мамлакат зикр намуданд, ки дар ояндаи наздик барои табдили кишвар ба давлати транзитӣ сохтмонҳои бузург дар ин самт идома доранд. Аз ҷумла қайд намуданд, ки “...бо мақсади беҳтар намудани вазъи роҳу шоҳроҳҳои мошингард ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар 5 соли охир дар соҳаи нақлиёт 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 5 миллиарду 130 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар натиҷа 250 километр роҳҳои мошингард, 42 пул, 4 долон ва якчанд эстакада бунёд карда шуданд. Ҳоло дар соҳа боз 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 11 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар се соли оянда 6 лоиҳа ба маблағи 7,4 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, 317 километр роҳи байналмилалии мошингард, 32 пул, 5 нақб бо дарозии 11,2 километр ва 7 долон ба истифода дода мешавад.
Корҳои дар соҳа анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар зарфи чор соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар байни 138 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро устувор нигоҳ дорад.”
Хулоса, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо назардошти имкониятҳои бузурги транзитии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакатро таҳия ва марҳила ба марҳила татбиқ намуда истодааст. Ин, пеш аз ҳама, имконият дод, ки кишвари мо бо чор тараф роҳ пайдо намуда, ба тиҷорати байналмилалӣ пайваст шуда, ба рафтуомади сокинону меҳмонон дар дохил ва хориҷ шароит фароҳам оварад. Тибқи баҳогузории созмонҳои байналмилалӣ, дар соҳаи сифати роҳсозӣ ҷумҳурии мо дар миёни давлатҳои минтақа ҷойи намоёнро соҳиб мебошад.
Амид КОМИЛБЕК, Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев