Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мошин ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардид

Ба кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мошин ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардид

17-01-2024, 13:52
Хабарро хонданд: 199 нафар
Назарҳо: 0
Ба кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мошин ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардидБа якчанд мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, марказу муассисаҳои тобеи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 мошини замонавӣ ва таҷҳизоти компютерӣ тақдим гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди мамлакат иттилоъ медиҳад.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар вазъияти тантанавӣ калидҳои мошинҳоро ба масъулин тақдим намуда, таъкид дошт, ки бар ивази чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташонро ба беҳдошти муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ равона намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист сол то сол иқтидори кадрию шароити кории кормандон дар биноҳои хуштарҳу замонавӣ беҳтар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 декабри соли 2023 масъалаҳои ҳифзи муҳити зистро мавриди баррасии амиқ қарор дода, дар робита ба ин ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: