Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо доир гардид

Дар Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо доир гардид

8-11-2023, 15:01
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо доир гардидДар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 20 коршиноси байналмилалӣ, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар медиҳад.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти экологӣ пайваста тадбирҳои муасир андешида мешавад. Баррасии натиҷагирии фаъолияти чоруми экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррасро дар ин самт тасдиқ намуд. Тоҷикистон аввалин давлате аст, ки баррасии чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад.

Ҳамзамон баён гардид, ки Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи мувофиқаи вазифаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи табиат мебошад.

Таъкид гардид, ки Барномаи шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба давлатҳо дар беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат намуда, мубодилаи иттилоотро байни давлатҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд.

Ҳамзамон он ба ҳамгироии сиёсати экологӣ ва сиёсати соҳавӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатиро дар назди ҷомеа ва таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ тарғиб менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: