Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Роғун - сохтмони сарнавиштсоз ва майдони нангу номуси миллӣ

Роғун - сохтмони сарнавиштсоз ва майдони нангу номуси миллӣ

23-10-2023, 09:36
Хабарро хонданд: 1373 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан аз раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги гидроэнергетикии кишвар – Неругоҳи барқии обии “Роғун”, тарғибу ташвиқи васеи вусъати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги аср ва ҷалби шаҳрвандони бекор ба ҷойҳои кори холӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун” бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия боздиди фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур аз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун” ба роҳ монда шуд.

Зимни баргузории боздид намояндагон аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур ва ҷавонони касбу кори гуногун аз корхона ва муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур иштирок доштанд.

Боздиди мазкур нахуст, субҳи барвақт бо бақайдгирии ҳайати меҳмонон ва иштирокчиён дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардида, сипас сафари ҳайат тавассути микроавтобусҳо ба самти шаҳри Роғун баргузор гардид.

Ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун” масъулини нерӯгоҳ бо рӯҳияи баланд истиқбол гирифтанд.
Роғун - сохтмони сарнавиштсоз ва майдони нангу номуси миллӣ
Дар идома, иштирокчиён бо роҳбаладии масъулин аз ҷараёни ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ дар қисматҳои мухталифи Неругоҳи барқии обии “Роғун”, аз қабили толори мошинҳо, қисматҳои баромадгоҳи нақбҳои обпарто, қисмати зербинои сарбанди асосӣ (ядрои сарбанди асосӣ), иншооти обқабулкунакҳои доимӣ, нақби нақлиётии Т-9 ва дигар мавзеъҳои неругоҳ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, аз масъулин доир ба рафти корҳои сохтмонӣ дар ин қисматҳо, иқтидорӣ истеҳсолии неругоҳ ва амсоли ин маълумоти мушаххас гирифтанд.

Қайд гардид, ки айни ҳол дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “НБО Роғун” ҳудуди 15 200 нафар кор ва фаъолият менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки иқтидори муқарраршудаи истеҳсоли неруи барқ дар Неругоҳи барқии обии “Роғун” 3600 МВт дар 1 соатро ташкил дода, бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Толори агрегатҳои Неругоҳи барқии обии “Роғун” аз 6 адад агрегад, ҳар яке бо иқтидори истеҳсоли 600 МВт неруи барқ дар 1 соат, иборат мебошад, ки то имрӯз ду агрегати он ба истифода дода шудааст.

Сарбанди Неругоҳи барқии обии “Роғун” 335 метр баландӣ дошта, он дар худ имкони ғунҷоиши 13,3 млрд м3 обро доро мебошад.

Дар идомаи боздид, иштирокчиён аз ҷараёни корҳо дар қисматҳои дигари неругоҳ дидан намуда, ба худ таассуроти нек гирифтанд ва бо ҳамин сафари якрӯзаи ҳизбиёни ноҳияи Шоҳмансур ба Неругоҳи барқии обии “Роғун” ба итмом расид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: