Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ДАР ТОЗАГИИ ПОЙТАХТ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

ДАР ТОЗАГИИ ПОЙТАХТ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!

11-01-2024, 08:00
Хабарро хонданд: 360 нафар
Назарҳо: 0
ДАР ТОЗАГИИ ПОЙТАХТ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Душанбе, инчунин бо ҷалби васеи аъзои ҳизб дар маҳаллаи Крупская 1 ва 2-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зиёда аз 200 ниҳоли ҳамешасабз шинониданд.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ кормандон ва фаъолони ҳизбӣ бо шиори “Дар тозагии пойтахт саҳм мегузорем ва майдончаҳои варзиширо самаранок истифода мебарем!” дар сабзу зебо гардонидани пойтахти кишвар саҳм гузоштанд.
Ҳадаф аз ҳашарҳои дастаҷамъии ҳизбиён иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки тозагиву ободонӣ ва сабзкорӣ рисолати мардуми сарбаланди мо буда, дар гузашта он яке аз рукнҳои муҳими анъанаҳои миллии мо маҳсуб меёфт ва пайваста дар замири кӯдакону наврасон ҳисси зебоипарастиро бедор менамояд.
Истифодаи дуруст ва самараноки майдончаҳои варзишӣ низ ғамхорӣ ба ояндаи кӯдакону наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.
Аз ин рӯ, ҳамаи мо, сокинони пойтахт бояд назди манзилу коргоҳ, кӯчаву роҳҳо, гулгашту хиёбонҳо ва дар маҷмуъ, пойтахтамон - шаҳри Душанберо, ки хонаи умеди мост, тозаву озода нигоҳ дорем ва майдончаҳои варзиширо, ки баҳри рушди солимию варзиш ва фароғати кӯдакону наврасони мо бунёд шудаанд, самаранок истифода барем.

30-СОЛАГИИ ҲИЗБРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!

Дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солона ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид.
Дар маҷлис муовини раиси ноҳияи Шуғнон Пайрав Мирзоашрафов, мудири шуъбаи кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Чамангул Саидмусалламова, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон Машраб Шохуррамов иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб, масъалаҳои ташкилӣ ва тасдиқи Нақша-чорабиниҳо оид ба дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳамзамон, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Гуфта шуд, ки аъзои ҳизб баҳри дар амал татбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ саъю кӯшиши худро равона намуда, ҳадаф доранд, ки дар соли 2024 ба дастовардҳои назаррас сазовор гарданд ва ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба таври шоиста истиқбол гиранд.
Дар идомаи маҷлис фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон қаноатбахш арзёбӣ шуд.
Дар охир раисони як қатор ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявӣ, ки дар фаъолияти ҳизб саҳми босазо гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, хонандагон ва омӯзгороне, ки дар озмуни навиштани “Беҳтарин эссе” дар мавзуи “Осори мондагори Бобоҷон Ғафуров - пояи бунёдии омӯзиши таърихи халқи тоҷик” дар ноҳия ғолиб омадаанд, бо мукофотҳои пулӣ ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шуғнон сарфароз гардиданд.

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "САЙЁҲ"
ДАР ТОЗАГИИ ПОЙТАХТ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сайёҳ"-и Филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сайёҳ" Шарифхон Баротзода, муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Мирзоҳид Раҳимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Низора Олимзода иштирок ва суханронӣ карданд.
Зикр гардид, ки Паём ҳамчун дастури созанда собит менамояд, ки дар маркази сиёсати Пешвои миллат маҳз беҳбудии вазъи зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат ва устувории ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд.
Гуфта шуд, ки гарчанде Паёми Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, вале аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ - сиёсии мамлакат ва дар асоси он муайян кардани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.
Барои нақшаҳои бунёдкорӣ, муаррифии шоистаи амалҳои бунёдкорона, иқдомҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неку созандаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҳузури фаъоли кишвари мо дар раванди ҳаллу фасли мушкилоти олами муосир аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки барои расидан ба онҳо минбаъд низ бояд кӯшиш ба харҷ дод.
Аз ин лиҳоз, дастуру роҳнамоиҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои мардуми кишвар ва тоҷикони ҷаҳон чароғи роҳнамоеро мемонанд, насли донишандӯзу сулҳпарвар, ҷомеаи шарафманди давлати соҳибистиқлолу ҳуқуқбунёдро ба комёбиҳо ва дастовардҳои рӯзафзуни таърихӣ шарафёб мегардонад.
ДАР ТОЗАГИИ ПОЙТАХТ САҲМ МЕГУЗОРЕМ!
ВОХӮРИИ ПУРМУҲТАВО

Ҷиҳати шарҳу тавзеҳ додани Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази эндокринологии вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саратоншиносии вилоят бо иштироки шумораи васеи аъзои фаъоли ҲХДТ вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар мулоқот раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон ва аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ Абдуҳаким Шарифов иштирок ва суханронӣ карданд.
Раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарифов нуктаҳои асосӣ ва муҳимтарини Паёмро ба таври муфассал шарҳу эзоҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат дар навбати аввал ҳуҷҷати муайянкунанда ва роҳнамо дар фаъолияти минбаъда ба ҳисоб рафта, маҳз дар асоси он лоиҳа ва нақша-чорабиниҳои рушди ояндаи мамлакат тарҳрезӣ мегарданд.
Ташаббусҳо дар самти дипломатияи об дар сайёра, ҷалби мардум ба ҳунарҳои миллӣ ва ба ин восита паст кардани сатҳи камбизоатӣ, даъвати аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, омодагиҳо ба ҷашнҳои миллӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу субот, ҷалби занону духтарон ба илмомӯзию касбомӯзӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди соҳибкорӣ аз масъалаҳое буданд, ки роҷеъ ба он ибрози назар карда шуданд.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ директори Маркази саратоншиносии вилоят Бахтиёр Орифов бо такя ба баъзе нуктаҳои Паём аз табибон даъват ба амал овард, ки беморонро на бо сӯзандору, балки бо муомилаву муносибати хуб ва суханҳои неку самимона муолиҷа бояд кард ва ин вазифаи ҷониву хизматии ҳар як нафар табиб аст.

ВАСФИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчӣ”-и Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ба муносибати 115-солагии акаджемик Бобоҷон Ғафуров дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат маҳфилу конфронсҳои илмию адабиро баргузор кард.
Дар таълимгоҳи рақами 133, ки ин ҷо ташкилоти ҳизбии “Гулафшон” фаъолият дорад, ба муносибати ин сана конфронси илмию адабӣ доир шуд.
Дар ҳамоиш хонандагони таълимгоҳ дар бораи тарҷумаи ҳол, фаъолияти меҳнатӣ ва осори академик Бобоҷон Ғафуров ба таври васеъ маълумот доданд.
Гурӯҳи хонандагон таҳти мусиқии гӯшнавоз суруди ватандӯстонаи “Дунёи миллат”-ро бо маҳорати баланд пешкаши ҳозирин намуданд.
Гурӯҳи дигари хонандагон аз эҷодиёти модари шоир Розия Озод шеърҳо қироат карданд.
Суруди дигари хонандагон “Гулистон Тоҷикистон шуд” низ, ки дар васфи Тоҷикистони амну осуда ва рӯ ба пешрафт бахшида шуд, дар сатҳи баланд иҷро гардид.
Қисмати дигари ҳамоиш ба асару мақолаҳо ва маҳорати таърихнигории Бобоҷон Ғафуров бахшида шуд.
Ҳамчунин, гуфторҳои бузургони илму адаб дар васфи аллома Бобоҷон Ғафуров ва нақши ӯ дар назди миллат қироат карда шуданд.
Қиссаи сафари Бобоҷон Ғафуров ба Арабистони Саудӣ ва нақши ӯ дар барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Иттиҳоди Шуравӣ ва Арабистони Саудӣ дар иҷрои таълимгирандагон ба таври хотирмон пешкаш гардид.
Дар қисмати фарҳангии конфронс шеъру сурудҳои баландмазмун дар васфи Пешвои миллат, Тоҷикистони биҳиштосо ва насли тамаддунофари тоҷикон пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Намоиши театрикунонидашуда таҳти номи “Алвидоъ” саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба Тоҷикистон ва ифтихор аз ватану ватандорӣ буд.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ҲИЗБ ДАР ШАҲРИНАВ
Дар маҷлиси ҳисоботӣ, ки дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав доир гардид, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Юлдузхон Бобоева доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маълумот дод.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки давоми соли ҳисоботии 2023 масъалаҳои муқоисакунии аъзо дар ташкилотҳои ибтидоӣ, қабул ба узвияти ҳизб, супоридани ҳаққи узвият, ворид намудани аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Барномаи “Махзани ягонаи электронӣ” ва ривоҷи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ ва фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қарор дошт.
Гуфта шуд, ки ба ҳолати имрӯза шумораи умумии аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав 5674 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 3393 нафар занон мебошанд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҷонибдорони ҳизб дар ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии ноҳия, инчунин, ҳашарҳои дастҷамъона, шанбегиҳо ва маъракаи шинонидани ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз фаъолона иштирок карда, натиҷаи баргузории вохӯрию мулоқотҳо, аксияҳо ва ҳашарҳои дастаҷамъона ҳамарӯза аз ҷониби масъулин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда инъикос ёфтанд.
Дар асоси супориши Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориашон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Неругоҳи барқии обии “Роғун” тибқи нақшаи сафарбаркунии кормандон то имрӯз 43 нафар коргарони гуногунихтисос бо роҳхати ҳизбӣ барои кор ба неругоҳи “Роғун” фиристода шуданд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав барои ободонии имрӯзу фардои кишвар, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва татбиқи амалии ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри густариши эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон минбаъд низ саҳми шоистаи худро мегузорад.
Дар маҷлис ҳамчунин оид ба рафти омодагиҳо ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ маълумот пешниҳод гардида, ҳайати ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагӣ ба ин ҷашн ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳринав дар соли 2024 тасдиқ шуданд.
Дар анҷоми кори маҷлиси ҳисоботӣ як зумра ҷавонон ба сафи ҳизб қабул ва гурӯҳи фаъолони ҳизбӣ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: