Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мавриди амал қарор доранд

ар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мавриди амал қарор доранд

3-01-2024, 13:14
Хабарро хонданд: 94 нафар
Назарҳо: 0
ар Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мавриди амал қарор дорандБарои таъмини иҷрои ҳадаф ва афзалияти стратегӣ ҳоло дар мамлакат ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ мавриди амал қарор доранд, ки тибқи Нақшаи Гурӯҳи корӣ дар соли 2023 ҷараёни иҷрои 26 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ бояд мониторинг ва арзёбӣ гардида, вобаста ба ҳолати иҷрои онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришҳои муфассал ирсол шаванд. Дар ин хусус зимни баргузории ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ иттилоъ дода шуд.

Тавре дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, муовинони вазорату идораҳои аъзо ва ҳисоботдиҳанда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллии ҳисоботдиҳанда ва намояндагони дигар ҷонибҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар ҷаласа раванди иҷрои 10 ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати ҳолати иҷрои онҳо аз ҷониби вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб гузориш ва рӯнамоҳо пешниҳод гардиданд.

Вобаста ба ин дар ҷаласа иҷрои барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ аз рӯи лоиҳаҳои банақшагирифта, сарчашмаҳои маблағгузорӣ, нишондиҳандаҳои соҳавӣ ва мушкилоти бавуҷудомада дар раванди татбиқи онҳо мониторинг ва арзёбӣ гардид.

Дар охири ҷаласа вобаста ба такмил додани супоришҳои пешниҳодгардида ва нишондиҳандаҳои он қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: