Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2-03-2023, 10:03
Хабарро хонданд: 209 нафар
Назарҳо: 0
Механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар китобхонаи Миллии Тоҷикистон маҳфили иқтисодии “Тавозун” дар доираи лоиҳаи “Идораи босамар барои рушди иқтисодӣ” баргузор гардид. Мавзуъи баррасишаванда “Механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон дошта, дар маҳфил намояндагонии вазорату идораҳои давлатӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.
Сухани ифтитоҳиро Шаҳло Акобирова, роҳбари ТҶ “Хома” бобати муҳиммияти мавзӯъ ва давраи омӯзишии қабл аз маҳфили “Тавозун” ёдраст шуд, ки давоми чор рӯз рӯзноманигорон дар бораи мавзӯи мазкур донишҳои нав гирифтанд ва акнун зарур аст, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ намоянд.
Дар маҳфили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар самти кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, механизм таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар самти расонидани кумакпулии унвони иҷтимоӣ, тартиби таъини он, тартиби маблағгузорӣ ва пардохт, банақшагирии хароҷот, баҳисобгирии гирандагони кӯмаки мазкур, назорати таъин ва пардохти кумакпулӣ, равишҳои муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани кумаки унвонҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид.
Чуноне ки зикраш рафт, мутахассисон аз вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Раёсати кумакҳои унвони иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати омор демографӣ ва шуғли аҳолии Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунии иқтисодшиносону коршиносон низ барои бештар рушанӣ андохтан ба мавзуъ иштирок карданд. Механизми таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яке аз масоили хеле мубрам дастрасии одилона ва шаффофи шаҳрвандони воқеан ҳам ниёзманд ба кумакпулиҳои иҷтимоӣ буд, ки мухтахассисон барои гирифтан ё таъйини он муроҷиат ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии ҳукумати маҳҳали дар ҷойи истиқомати худ ва пур кардани се варақа ва ё анкета зарур донистанд.
Баъд аз маърӯзаву мубоҳисаҳо бо намояндагони вазорату идораҳои марбута рӯзноманигорон ба саволҳои хеш посухҳои муносиб гирифтанд.
АКС аз khoma.tj
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: