ОИННОМАИ ҲИЗБ - ОИНАИ МИЛЛАТ АСТ29-12-2023, 15:16
Хабарро хонданд: 321 нафар
Назарҳо: 0
Ба истиқболи 30-солагии ҲХДТ Тоҷикистон пас аз даргириҳои ҷанги таҳмилии солҳои 90-ум ва маҳрумиятҳо бо роҳбарии вориси содиқи миллат, Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шоҳроҳи созандагӣ гардид, давлатдории миллиро эҳё намуд, асолату рисолати хешро шинохт, муттаҳиду сарҷамъ шуд, рушду нумуъ ёфт, нуфуз ва эътибораш ба пораҳои дунё парчам зада, имрӯзҳо 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва бо шукуҳи беназир ҷашн гирифт. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намуд, дар ин роҳ хизматҳои арзандаи бесобиқа гузошт ва гузошта истодааст. Сиву ду соли Истиқлоли давлатӣ аз корномаҳои миллати тоҷик дарак дод, бурду бохтҳо, кору пайкорҳои мардуми тоҷик барои наслҳои имрӯз дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва устувории давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ, вусъати корҳои давлатдорию бунёдкорӣ намунаи ибрати дигар халқияту кишварҳо гардид. Ҳанӯз дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ Президенти кишвар чунин иброз дошта буданд: “Набояд фаромӯш кард, ки агар мо гузаштаро дақиқ наомӯхта, равандҳои имрӯзаро воқеъбинона баҳогузорӣ накунем, пас роҳи дурусти инкишофи фардои хешро муайян карда наметавонем”. Дар раванди ҳодисаҳои таърихӣ ва ҳассосияти замони гузашта аъзои ҳизб хизматҳои арзанда карданд. Дар ҷобаҷо кардани пояҳои давлати фалаҷгашта, аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ берун кашидани миллат, аз хавфи ба қисматҳо ҷудо намудани кишвар ва ба эътидол овардани ҳаёти сиёсӣ аъзои ин ҳизби пешрав сина сипар намуда, ҳамроҳи Пешвои миллат пояҳои навини давлатдориро устувор намуданд ва кишвар оҳиста-оҳиста рӯ ба шукуфоӣ овард. Таклифҳои ҷасуронаю дилсӯзона, масъалагузориҳои мушаххас ва суханрониҳои пурмуҳтавои фаъолони ҳизб дар қалби мардум ҷой гирифтанд. Дар он рӯзҳои мудҳиш ба миллат сулҳ овардан осон набуд. Ин танҳо ба гуфтан осон аст. Бо иштироки аъзои ҳизб ва сарварии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1993 то 2000 қариб як миллион (950599) шаҳрвандони кишварамон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Афғонистон ва аз дигар вилояту минтақаҳои Тоҷикистон ба ҷойҳои асли зиндагиашон оварда шуданд. Ин ҳизби созанда бо ташвиқи нақшаву мақсадҳои хеш дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва баҳри ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят намудани аҳолии мамлакат саҳми муносиб мегузорад. Вақт ва 29 соли ташкилёбии ҳизб нишон дод, ки Роҳбари ҷоннисори миллат дар атрофи худ қувваҳои солими ҷомеаро ҷамъ ва муттаҳид карда, тавонистанд ба қалби мардум роҳ ёбанд ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба оинаи миллат табдил доданд. 29 сол дар назди таърих фурсати хеле кутоҳ аст, вале корҳои басомонрасонидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон метавонад барои садсолаҳои дигар ба мардум хидмат расонад. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дониш ва хиради азалӣ родмардона амал намуданд. Имрӯзҳо дар баробари барафрохтани Парчам ва бунёди Нишони давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ биноҳои алоҳидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бунёд шудааст. Дар радифи он бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон ифтитоҳ гардид. Ин иқдом барои тамоми ҳизбиёни шаҳр санаи фаромӯшнашаванда ба шумор меравад. Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон барои ба мардум шинос намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб бахшида ба санаҳои таърихӣ як силсила чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст, ки обрӯ ва эътибори ҳизби созандаро ба боло мебарад. Дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон зиёда аз 5000 нафар аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 48 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти пурсамар доранд. Як ҷузъи асосии Кумитаи иҷроияи ҳизб пайваста огоҳ шудан аз ҳолу аҳволи ниёзмандон, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва бесаробонмондагон мебошад. Ҳамзамон, ба 3 нафар шахсони имконияташон маҳдуд нафақаи ҳизбӣ дода мешавад. Доимо дар маҷлисҳои ҳизб тадбирҳои созанда мушаххас карда мешаванд ва вакилон пайваста аз корҳои анҷомдодашуда ҳисобот медиҳанд. Дар назди Кумитаи иҷроия қабулгоҳи ҷамъмиятӣ амал менамояд, ки он ба ҳалли мушкилот маслиҳату ёрӣ мерасонад. Имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои боз ҳам пиёда намудани нақшаю барномаҳои ҳизб хизмат намоем. Итминон дорем, ки кулли аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сарбаландӣ, матонат, устуворӣ ва садоқат ба ормонҳои ҳизби ормонии хеш қадам зада, дар таъмини фардои босаодати хеш ва татбиқи барномаҳои бузурги созандагӣ ҳиссагузор мешаванд. Муслимахон ҶАМОЛИЁН,
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.