ҲИМОЯТГАРИ АРЗИШҲОИ МИЛЛИИ ХУД БОШЕМ21-12-2023, 10:27
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Васоити ахбори омма, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он ҳамеша хабару нигоштаҳову маводҳои ҷолиби диққати зиндагӣ интишор мегардад, ҳаёти моро хеле пурмуҳтаво гардониданд. Барои ҳамин, зиндагиро бе шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Аммо, афсӯс, ҳастанд нафароне, гурӯҳҳое, ки бо роҳҳои бардурӯғ ё ба забони сомонаҳо гӯем - “фейк” ва ё услуби ғайриахлоқиро истифода бурда, онро ҳамчун манбаи даромади осон қарор додаанду аз оқибати таъсири манфии он ба истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ андеша намекунанд. Одобу ахлоқ, ҳувияти миллӣ ва хештаншиносии худро ба чанд дирам фурӯхтаанд. Аз ҳама бадтарин онҳое ҳастанд, ки васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун силоҳ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд. Чанде, ки дар саҳифаҳои интернетии ин гуна шахсону гурӯҳҳоро мутолиа ва наворҳои онҳоро тамошо кардаам, танҳо ба як хулоса омадам, ки ягон мавзӯе намондааст, ки онҳо дахолат накарда бошанд. Дар як ҷойе истифода аз дурӯғу бӯҳтон ва дар ҷойи дигаре бо тариқи тамоман дигаргун нишон додани ҳолати аслӣ, худро “ғамхору мададгори” халқ медонанду нишон ҳам медиҳанд. Гӯё барои пешрафти миллату давлати худ, барои халқу Ватан месӯзанду месозанд, ҳама мушкилоти халқу миллати тоҷику тоҷикистониро ҳал карда истодаанд, гӯё ҷони худ дареғ намедоранд, ҳама заҳматашон барои мо бошад. Лекин дар асл .... таги коса нимкосае ҳаст. Ингуна афрод ҳеҷ гоҳ ғамхори халқ набуданд ва нестанд, балки танҳо ғами худро мехӯранд. Чандин сол бар мушоҳидаи онам, агар мушкилие бар сари ягон миллат, махсусан тоҷикон ояд, онро низ ҳадафи асосии хеш барои айбҷӯиву гунаҳгоркунии Ҳукумату давлат, махсусан Пешвои миллат ва худи халқ қарор медиҳанд. Нангинтар аз ҳама он аст, ки ҳамаи онҳо аз миллати тоҷиканду дар давлатҳои мутараққӣ нишаста, ба номи баланди тоҷик ор меоранд. Аз дуриҳои дур мисли “шери” майдонғариб рафтору гуфтор доранд. Бо сохтакориҳо ва бо дуруғу бӯҳтон асли воқиятро тамоман дигар нишон медиҳанд. Лек дар асл дили пур аз ғараз доранд. Ҳамаи балову ваборо бар Тоҷикистон хоҳонанд. Яке, бо сар задани бемории сироятии Короновирус ба ҳамаи хонадони Тоҷикистониён орзуи ба ин беморӣ гирифтор шуда, мурданро таманно менамуд, дигаре дар таги пои “Толибон” монданро. Орзу мекарданд, ки “Толибон” баъд аз тасаруф кардани Афғонистон ба Тоҷикистон низ ҳамла кунанд. Яке инқилоб мехоҳаду дигаре интиқом. Яке шикасти Тоҷикистонро аз тарафи қирғизҳову дигаре ҷудо кардани Бадахшонро. Нафаре заминларзаи дар Сурияву Туркия баамаломадаро ҳасраткунон менавишт, ки “эй кош дар Тоҷикистон мешуд ин заминларза”. То ҳатто ҷанги Русияву Украинаро низ барои гунаҳгор кардани Пешвои миллат истифода мебаранд. Боз инҳо тоҷиканд... Худ тақозо кунед, инҳо “ғамхор” бошанд, пас душманон кистанд? Фикр мекунам, агар илоҷ медоштанд, чӣ даҳшате дар рӯи олам ҳаст, ба хонаи ҳар кадоми мо меоварданд. Боз худро экстремисту террорист ҳисоб намекунанд, балки “мубориз” медонанд. Чи гуна номида мешаванд шахсоне, ки хунрехтани ҳаммиллати худро, мусулмон мусулмони худро тарғиб мекунанд, худ дар хонаву ҷойҳои гарм нишаста, ҷавонони зудбовару муҳоҷиронро барои “ҷиҳод” ба Сирияву Ироқ равона мекунанд, дар Ватани худ бар зидди Ҳукумату давлат, бар зидди халқи худ барои инқилоб “хун рез”, мегӯянд? Албатта, террористу экстремист! Нанговартар он аст, ки дини мубини Исломро ҳамчун бозичаи мақсадҳои сиёсии худ кардаанд. Онҳо мунофиқи суханҳои худ ҳастанд. Гоҳ “муслиминем” мегуянду гаҳе байрақи ҳаррангаи (парчами аққалиятҳои ҷинсӣ) Ғарбро (“Радуга”) мебардоранд. Боз ҳамон корҳои соли 1990-ум шуда истодааст, танҳо акнун ранги муосирро гирифтааст, бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ. Барои ба мақсад расидан ҳамаи онҳо, бешак, курси психологиро хондаанд, то ба равони мардум таъсир расонанд. Шукронаи он мекунам, ки мардуми мо худ як мактаби бузурги ибратро аз сар гузаронидаанд, ин ҳам бошад ҷанги шаҳрвандӣ, ки гунаҳгорон дар камин монданду халқи зиёди бегуноҳ талаф ёфт. Ва боз онҳо имрӯзҳо одамонро ба инқилоб даъват мекунанд. Боз мехоҳанд Тоҷикистони бо машаққатҳои зиёде қоматафрохтаро ба харобазору ғоратзадаву оташзада табдил диҳанд. Боз одамони зиёде гурезаву куштаву таҷовузгаштаву шикаста гарданд. Он ҷое, ки нооромӣ мешавад, сохторҳои қудратӣ салоҳияти худро агар гум кунанд, сар мезанад ҷинояткориву расвоӣ, одамкушиву ғоратгарӣ. Ҳар он касе, ки филми ҳуҷҷативу мустанади дар бораи солҳои ҷанги шаҳрвандиро “Хиёнат”-ро дидааст, натиҷаи “инқилоббозиҳо” дар он хуб аён аст. Махсусан қисми ҳафтуми он, ки бо номи “Бешарафӣ” пахш гаштааст, чӣ қадар оқибатҳои нангину вазнин дорад ҷангу инқилоббозиҳо. Онҳое, ки дидаву дониста Ватани худро ба ин бало гирифтор карданӣ ҳастанд, ғамхору мубориз нестанд, террористу экстремистанд. Ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат карда, гуфтаниам, гӯш надиҳед ба суханони шакарини бо заҳр омехтаи онҳо, фирефтаву гумроҳ нашавед ва нагузоред, ки наздикони Шумо гумроҳ шаванд. Ҳар касе гумроҳ гаштааст, баргардонед ба роҳи рост. Ҳар як муҳоҷирро дар хона наздикону пайвандон интизоранд. Ба хоинони миллати мо танҳо аслиҳа аст, на ин ки муқаддасот. Онҳо манзалат мехоҳанд, раҳбарӣ мехоҳанд. Ин аст ҳадафи асосии онҳо ва ба ҳадафҳои худ расидан мардумро танҳо истифода мебаранд, на ин ки хизмат ба он кунанд. Мо ҳама ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаем! Ягон миллату давлат аз то ҳол фоида надидаст, ки мо бинем. Роҳ надодан ба экстремизму терроризм қарзи шаҳрвандии мост. Биёед ҳимоятгари арзишҳои миллии худ бошем! Шамсиддинова Фирӯза, узви фаъоли ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.