Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ҷаласа баргузор шуд

Дар Душанбе оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ҷаласа баргузор шуд

20-12-2023, 13:12
Хабарро хонданд: 194 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология ҷаласа баргузор шуд20 декабр таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии ин кумита баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа аъзои кумита, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пас аз баррасии масъалаҳои рӯзнома хулосаҳои кумита вобаста ба қонунҳои муҳокимашуда қабул гардида, барои баррасӣ ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: