Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Китобу китобдорӣ ганҷинаи фарҳанги миллат аст

Китобу китобдорӣ ганҷинаи фарҳанги миллат аст

15-12-2023, 10:34
Хабарро хонданд: 323 нафар
Назарҳо: 0
Китобу китобдорӣ ганҷинаи фарҳанги миллат аст
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дар ҳақиқат устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ омӯзи¬ши фарҳангро на танҳо барои насли имрӯза зарур, балки дар оянда ба он эҳтиёҷ доштан ва омӯхтани инсонҳоро низ собит кардааст.
Фарҳанг, ки аксандози маънавиёти инсон ва маҳсули тафаккури одамист, дар навиштаҳо ифода меёбад.
Навиштаҳо аз қадим муқад¬дасанд, зеро зарра-зарра ба ҳам омада, ҷилдҳои китоб¬ҳоеро тартиб додаанд, ки дар онҳо таъриху иҷти¬моиёт, иқтисодиёт ва би¬лохира, тамоми бурду бохти мо сабт гардидаанд ва махзане, ки тамоми ин навиштаҳоро гирд овардаву маҳ¬фуз медорад, даргоҳи муқаддастарин аст.
Барои миллати сарбаланди тоҷик, ки ба китобдорию китобхонӣ аз қадимулайём арҷ мегузошт ва қаламу дафтару девонро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд, китоб бонги бедорию ҳушёрӣ буд.
Тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад омӯзгори беминнат мешуморанд, “Аниси кунҷи танҳоӣ” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ” медонистанд.
Аз фарҳангистони даврони Сосониён - «Гунди Шопур» ёд овардан кифоят аст, ки китобхонаи бузургаш аз 250 ҳуҷра иборат буд, ҳазорҳо китоб бо забонҳои паҳлавию юнонию санскрит ва ғайра он ҷо ҳифз мешуданд.
Хоса, замони Сомониёни волотабор аксари шаҳр¬ҳои қаламравашон китобхонаҳо доштанд, дар Бухоро бузург¬тарин ва ғанитарин китоб¬хонаи давр - «Сивон-ул-ҳикмат» («Саво¬нул¬ҳикма») бунёд ёфт, ки ба илми китобдорию китобшиносии миллиамон замина гузошт. Маҳз ҳамин аҳди дурахшони Сомониён буд, ки забони ноби тоҷикӣ-форсӣ шакл гирифт, чеҳраҳо ва ситораҳои дурахшони илму адаб қад баланд карданд, фарҳанги воло боиси ҳастӣ ва пойдории минбаъдаи миллат ва таъриху забони он гардид.
Аммо таърих гувоҳ аст, ки китобу китобхонаҳо мушобеҳи қисмати миллати тоҷик борҳо дар шуълаи оташи аҷнабиёни яғмогар сӯхта, хокистар шудаанд.
Зиёни маънавии аз тӯфони кашмакашиҳои хунин давоми асрҳо ба миллатамон расидаро мушкил аст дар тарозуе баркашиду аз рӯйи ягон меъёр арзёбӣ кард.
Бо вуҷуди ин, тоҷики сарбаланд бо густурдагӣ ва нерумандии тамом ҳеҷ гоҳ ба маҳтоб қаноат намекард ва ҳамеша аз тиразамон офтоб меҷуст, алорағми ҳама азобу азодориҳо наҳаросида, ба ҷароҳатҳои маънавиаш менигарист, дилмурда, ғамгин, парешон-ҳолу афсурда намегашт, намегузошт, ки заминаи маънавии ҳам-бастагӣ ва ҳамназарии миллат суст гардад.
Китобу китобхона хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медоранд, роҳи инсонҳоро бо нури донишу маърифат равшан месозанд, ганҷинаҳои тамаддуни башариро ҳифз мена¬моянд.
Намояндагони барҷастаи қавмамон аз шикастҳои таърихӣ пай-васта меандешиданду бо нолиш дарди миллати уқёнусфарҳанги самандарқисматро ифшо мекарданд. Ин аст, ки тоҷикон таги по нашуданд, берун аз ҳошияи таърих намонданд.
Талошҳои аҷдоди боназокатамон дар офариниши китоб ва мероси хаттӣ самар оварданд.
Нақш ва мақоми китоб баробари пешрафти босуръати ҷаҳони имрӯза ҳамчун сарчашмаи таҳаввулоти маъ¬навию фар¬ҳангӣ ҳамвора боло меравад.
Зимнан, мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо фаъолияти китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хеле назаррас буда, ҳамарӯза баҳри муштоқони каломи бадеъ, муҳаққиқону донишандӯзон, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва иштирокдорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ хизмати фарҳангӣ мерасонанд.
Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 74 китобхона, аз ҷумла 1 китобхонаи миллӣ, 1 китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, 1 китобхонаи муосири пойтахт, 1 китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, 7 китобхонаи вилоятӣ (аз ин 2 адад бачагона), 64 маҷмуи китобхонаҳои марказонидашуда (бо 1290 китобхона-филиал, аз ин 77 адад бачагона) амал мекунанд.
Фонди умумии китобхонаҳо 12360100 нусха буда, аз ин шумора 4600320 нусха ба забони тоҷикӣ, 5788225 нусха ба забони русӣ ва 971555 нусха бо дигар забонҳо мебошад. Инчунин, хазинаи умумии китобҳои электронӣ дар китобхонаҳо 1800540 нусхаро ташкил медиҳад.
Дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ 3600 нафар корманд кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 2665 нафар китобдор ва 935 нафар корманди техникӣ мебошанд.
Бо маълумоти олии тахассусӣ 404 нафар, олии ғайритахассусӣ 820 нафар, миёнаи махсуси тахассусӣ 950 нафар, миёнаи махсуси ғайритахассусӣ 415 нафар, миёнаи умумӣ бо дарназардошти кормандони техникӣ 1011 нафар фаъолият доранд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки мутахассисони соҳаи китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи ихтисоси китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ (менеҷмент) 25 ҷой рӯзона, 25 ҷой фосилавӣ, Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” аз рӯйи ихтисоси китоб¬хонашиносӣ ва китобшиносӣ 25 ҷой рӯзона, 35 ҷой фосилавӣ (дар маҷмуъ, 135 ҷой дар зинаи таҳсилоти бакалавриат), 10 ҷой рӯзона дар зинаи таҳсилоти магистратура, 3 ҷой дар зинаи докторантура, 2 ҷой рӯзона ва 1 ҷой фосилавӣ дар зинаи аспирантура қарор дорад.
Инчунин, дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” бо 25 ҷойи фосилавӣ соҳаи китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ омода карда мешаванд.
Зикр кардан зарур аст, ки дар ин ҷо маълумот оид ба Коллеҷи фарҳангии ҷумҳуриявии ба номи П.Буйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматулло Қурбонов, Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Хуҷанд ба номи Содирхон Ҳофиз ба инобат гирифта нашудааст.
Аммо норасоии мутахассисони соҳаи китобдорӣ (китобхонашиносӣ, китобшиносӣ ва библиографияшиносӣ) дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ эҳсос карда мешавад.
Дар ин ҷо баҳри ҳалли ин мушкили пешомада фаъолияти Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдории Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Прези¬денти Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддаост.
Маркази такмили ихтисоси “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 31-уми июли соли 2023 таҳти ёёёёёТ-ИФ№ 0003929 ва дар асоси Оиннома, Низо쬬нома, Дастурамали Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” кор ва фаъолият мекунад. Барои гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии китобдорон Марказ иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорост.
Маркази такмили ихтисос фаъолияти худро аз 1-уми апрели соли 2012 оғоз намуд.
Мутобиқи фармоиши раёсати Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 4, банди 22 сархати 2 ва банди 24 Оинномаи Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” аз 31-уми декабри соли 2022, таҳти №99/3 “Дар бораи тағйирот ворид намудан ба шуъбаҳо, бахшҳо ва марказҳо” маркази мазкур ҳамчун “Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ” номгузорӣ карда шуд.
Марказ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллӣ буда, мақсади ниҳоии он такмили дониши кормандони Китобхонаи миллӣ ва ҳамаи китобдорони китобхонаҳои ҷумҳурӣ тавассути курсҳо, таълим дар ҷойи кор ва семинару конфронсҳои ватанию хориҷӣ мебошад.
Тибқи тартиби муқарраргардида, амалӣ гардидани ҳамкориҳо бо сафоратхонаҳо, созмонҳо, ширкатҳои байналмилалӣ, барномаҳои ЮНЕСКО ва ғайра оид ба рушди фаъолияти китобдорӣ (тайёр ва бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдорӣ) ба роҳ монда шудааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Марказ ин фарогирии китобдорон ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ мебошад.
Марказ мувофиқи нақшаҳои тасдиқшуда фаъолият намуда, масъалаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи китобдорӣ ва такмили маҳорати касбии китобдорон, курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва сайёрро баррасӣ менамояд. Аз ҷониби ҳайати кормандони Марказ чандин барномаҳои таълимӣ тартиб дода шудааст.
Кормандони Маркази такмили ихтисос барои расонидани ёрии амалию методӣ ва баргузории курсҳои бозомӯзии китобдорон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ сафарбар гардиданд.
Аз соли таъсисёбӣ то инҷониб беш аз 1500 нафар аз курсҳои такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификат гардиданд.
Инчунин, Марказ бо 21 муассисаи олӣ ва миёнаи тахассусии таълими донишкадаву донишгоҳҳо ҳамкорӣ дорад.
Маркази таҳсилот ва инноватсияҳои китобдорӣ ҳамчун маркази таҷрибаомӯзи донишҷуён мебошад, ки то инҷониб наздик ба 2500 нафар таҷриба¬омӯзон мувофиқи барномаҳои таълимӣ дар шуъба ва марказҳои Китоб¬хонаи миллии Тоҷикистон ҷалб гардиданд.
Маркази такмили ихтисос дар давоми фаъолияти худ бо китобхонаҳои ҷумҳуриҳои Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Донишкадаи фарҳангу санъати шаҳри Москва, Китобхонаи Парлумони Украина ва Китобхонаи миллии Туркманистон оид ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон ҳамкории якҷояро барқарор намуд, ки аз ҷониби онҳо ба нишонаи Марказ маводҳои методиву таълимӣ ворид шуданд.


Ҷамил ВАЛИЕВ,
корманди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: