Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои пешрафтаро даъват намуд, ки уҳдадориҳои иқлимиашонро пурра иҷро намоянд

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои пешрафтаро даъват намуд, ки уҳдадориҳои иқлимиашонро пурра иҷро намоянд

13-12-2023, 13:37
Хабарро хонданд: 145 нафар
Назарҳо: 0
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид давлатҳои пешрафтаро даъват намуд, ки уҳдадориҳои иқлимиашонро пурра иҷро намоянд
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш рӯзи душанбе аз давлатҳои пешрафта даъват намуд, ки уҳдадориҳои худро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим пурра иҷро намоянд. Дар ин хусус агентии иттилоотии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.

«Моро зарур аст, ки тамоми уҳдадориҳо аз ҷониби давлатҳои пешрафта оид ба маблағгузорӣ ва мутобиқшавӣ пурра ва шаффоф иҷро шаванд», изҳор намуд ӯ дар ҷаласаи 28-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP28), ки дар Дубай баргузор гардид.

Дар бораи амалҳо дар минтақаи иқлимӣ сухан гуфта, Антонио Гутерриш ишора намуд, ки масъулияти умумӣ, аммо фарқкунанда, инчунин имконият ва шароити миллии кишварҳои гуногунро ба назар гирифтан зарур аст.

Инчунин дар мавриди гузариш ба ояндаи сабз Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таъкид дошт, ки ҳукуматҳо инчунин бояд дастгирӣ, омӯзиш ва ҳифзи иҷтимоии онҳоеро, ки метавонанд аз таъсири манфии ин гузариш зарар бинанд, таъмин намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: